• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ УСТУВОР»

Намояндагони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ дар Форуми байналмилалии «Дипломатияи сулҳ ба хотири ояндаи устувор» иштирок менамоянд. Форуми байналмилалӣ бо ташаббуси Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ баргузор гардида, дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок доранд. Ҳадафи форум баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба таҳкими сулҳ ва субот, рушди устувор, иқтисоди сабз,…

ДИПЛОМАТИЯИ САБЗ – САМТИ СТРАТЕГИИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо барои таҳкими дипломатияи сабзи Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор заминаи муҳим фароҳам овардаанд. Баррасии илмии ин ташаббусҳо ва нақши онҳо дар пешбурди манфиатҳои миллӣ меҳвари Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар…

📢ЭЪЛОН!!! Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ».

   Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи  Ҳанновер ба номи Готфрид Вилҳелм Лейбнитс (Олмон) олимон, коршиносон, омӯзгорон, муҳаққиқон, докторантон ва намояндагони ҷомеаи илмиро барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ» даъват менамояд.    Конференсия…

📢 ЭЪЛОН!!! Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ «МАВҚЕИ ДИПЛОМАТИЯИ САБЗ ДАР НИЗОМИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ

   Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 26 сентябри соли 2026 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Мавқеи дипломатияи сабз дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд.    Дар конференсия масъалаҳои мубрами дипломатияи сабз, иқтисоди сабз, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо, амнияти экологӣ ва озуқаворӣ, энергетикаи сабз, сармоягузориҳои…

МЕТОДОЛОГИЯИ ТАҲҚИҚОТ ДАР САМТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР: АЗ МАСЪАЛАГУЗОРӢ ТО НАТИҶАҲОИ ИЛМӢ

    19 сентябри соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ семинари илмӣ дар мавзуи «Методологияи таҳқиқот дар самти Ҳадафҳои рушди устувор: аз масъалагузорӣ то натиҷаҳои илмӣ» баргузор гардид.     Ҳадафи асосии семинар такмили малакаҳои таҳқиқотии кормандони илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, рушди фарҳанги академии навиштан ва тақвияти малакаҳои омодасозии…

МУВАФФАҚИЯТИ НАВ ДАР ҶОДАИ ИЛМ: ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДИССЕРТАТСИОНИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТ

  Ҳайати кормандони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон корманди Институт Изатуллозода Рамазон Хайруллоро ба муносибати ҳимояи муваффақонаи рисолаи диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060800 – Экология (6D060803 – Экология (илмҳои техникӣ)) самимона табрик менамояд.    Рисолаи илмии муҳаққиқ дар мавзуи «Арзёбии экологии истифодаи…

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

5 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, коршиносони…

ҚАДРДОНИИ БАЛАНДИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ ҲАЙАТИ ИНСТИТУТ

Ҳайати кормандони Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ифтихору сарфарозӣ директори институт Фарҳод Шарофзода ва муовини директор Гулшан Бодуроваро ба муносибати дар арафаи ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали давлатии «Хизмати шоиста» сарфароз гардидан самимона табрик мегӯянд.   Ҳайати институт ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ…