• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Кормандон

Мудири шуъба

Буриев Лоиқшоҳ

✉ loiksho_buriev@mail.ru  

Буриев Лоиқшоҳ – мудири шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ. 

Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2005-2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва солҳои 2024-2025 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2026 дар Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғул аст.

   Соли 2016 дар мавзуи «Роҳҳои мукаммалгардонии расмиёти гумрукӣ дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

   Муаллифи ду дастури методӣ ва зиёда аз 35 мақолаи илмӣ дар нашрияҳои дохилию хориҷӣ мебошад. Самтҳои асосии таҳқиқоти ӯ такмили расмиёту хизматрасониҳои гумрукӣ ва рушди устувори соҳаҳои хизматрасониро дар шароити ташаккули иқтисоди сабз дар бар мегиранд. Дар ин замина таҷрибаи илмии худро дар соҳаи гумрук бо масъалаҳои гузариш ба иқтисоди сабз мепайвандад.

   Айни замон, тибқи нақшаи корҳои илмии институт, дар доираи мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ» робитаи сифати хизматрасонӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва ҳифзи муҳити зистро меомӯзад. Дар таҳқиқот механизмҳои пайвастани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бо рушди хизматрасониҳои илмӣ-экологӣ, энергетикӣ, логистикӣ, сайёҳӣ ва машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Механизмҳои чунин робита пешниҳод шуда, нақши ниҳодҳо, стандартҳо ва инфрасохтори иттилоотӣ дар ташаккули ин хизматрасониҳо баррасӣ гардидааст. Инчунин дар самти гумруки сабз имкониятҳои рақамикунонии расмиёт ва истифодаи низоми идоракунии хавфҳо барои таъмини амнияти экологӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамзамон, оид рушди нақлиёти барқӣ дар робита бо инфрасохтори энергетикӣ ва хизматрасониҳои шаҳри ҳушманди Душанбе таҳқиқот бурда истодааст.

   Соли 2023 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, соли 2019 бо ифтихорнома дар соҳаи фарҳанг ва дар давраҳои фаъолияти касбӣ бо дигар ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.


Ходими калони илмии шуъба

Джураева Зарнигор Фуркатовна

✉ juraevaz96@gmail.com

Джураева Зарнигор Фуркатовна – номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими калони илмии шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, ки ба моделсозии иқтисодии равандҳои рушди устувор, иқтисодиёти сабз ва таҳлили бозорҳои молиявӣ тахассус дорад. Ӯ таҷрибаи байнисоҳавии кориро дар муҳити академӣ, низоми бонкии байналмилалӣ ва бахши таҳқиқоти илмии Россия ва Тоҷикистон доро мебошад. Дар фаъолияти худ ӯ усулҳои иқтисодиёти рафторӣ ва таҳлили макроиқтисодиро барои ҳалли масъалаҳои амалӣ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисодиёти сабз муваффақона ҳамгиро мекунад.

    Марҳилаҳои фаъолияти касбӣ:

 – июли соли 2018 – феврали соли 2025, пажӯҳишгари кафедраи иқтисоди байналмилалӣ ва менеҷменти Институти иқтисод ва идоракунии ДФУ ба номи Президенти якуми Россия Б.Н. Елтсин, ш. Екатеринбург, Россия;

– сентябри соли 2025 – июни соли 2026, мутахассиси Департаменти муассисаҳои молиявии Бонки байнидавлатӣ, ш. Москва, Россия;

– сентябри соли 2026 – то ҳол, ходими калони илмии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

   Рӯйхати лоиҳаҳои тадқиқотӣ:

– Гранти тадқиқотӣ (РФФИ №20-04-60158 «Пандемия ва истерияи оммавӣ. Таъсирҳо ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба бозори фондӣ»),  УрФУ им. первого Президента России Б.Н. Ельцина, ш. Екатеринбург, Россия;

– Гранти тадқиқотӣ (DAAD №57552336 “Impact of hysteria on stock markets”), Технический университет Дрездена, г. Дрезден, Германия.

   Дар доираи фаъолияти касбии худ Джураева Зарнигор Фуркатовна саҳми намоёнро дар рушди стратегии Институти таҳқиқоти илмии рушди устувор ва иқтисодиёти сабз мегузорад. Кӯшишҳои ӯ ба баланд бардоштани фаъолнокии нашрӣ мақолаҳо, зиёд кардани истинод ба осори илмӣ ва таҳкими рейтинги академии институт дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ равона гардидаанд.