Кормандон
Мудири шуъба
Ризоён Шералӣ Шукруллозода
✉ Sherali.rizoyon@gmail.com
Ризоён Шералӣ Шукруллозода – мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Шералӣ Ризоён мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ буда, дар самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои геополитикӣ ва амнияти минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ пажуҳишҳои илмӣ ва таҳлилӣ анҷом медиҳад. Шералӣ Ризоён дорои таҷрибаи фаъолияти илмию таҳлилӣ (аз соли 2010) ва омӯзгорӣ (аз соли 2015) мебошад. Соли 2017 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадиро ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои сиёсӣ гардидааст. Пештар дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Пажуҳишҳои илмии Шералӣ Ризоён мавзуҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷумла: манфиатҳои миллӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; равандҳои геополитикӣ ва тағйирёбии низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ; ҳамкориҳо ва рақобати геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ; масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва таҳдидҳои фаромиллӣ; равандҳои сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири онҳо ба амнияти Осиёи Марказӣ фаро мегиранд.
Шералӣ Ризоён курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро дар Олмон, Қирғизистон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Гурҷистон, ИМА, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон гузаштааст. Ҳамчунин, дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои коршиносӣ дар кишварҳои Қирғизистон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Туркия, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Беларус ва Озарбойҷон иштироку суханронӣ кардааст.
Фаъолияти интишоротии Шералӣ Ризоён 5 китоб ва беш аз 200 мақолаи илмию таҳлилиро дар бар мегирад. Осори ӯ дар нашриёт, маҷаллаҳо, маҷмуаҳо ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Укроин, ИМА, Эрон, Бритониёи Кабир, Нидерланд, Арманистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Чин ба нашр расидаанд.

Ходими калони илмии шуъба
Қурбонов Маъруф Муидинович
✉ mustafam30@mail.ru
Қурбонов Маъруф Муидинович – муҳаққиқ ва омӯзгор дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз. Аз соли 2019 дар ҷодаи илм фаъолият дорад ва дар таҳқиқоти худ ба масъалаҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва равандҳои геополитикӣ тамаркуз менамояд.
Ӯ инчунин ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи таъмини сифат ва таҳлили сиёсатҳои экологӣ эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва пажӯҳишии ӯ тариқи дипломатияи сабз беҳтар гардонидани сатҳи муҳити зист, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи стратегияҳои “сабз”, иқтисоди рақамӣ ва идоракунии экологӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар фаъолияти тадқиқотии худ, ӯ ба таҳлили таҷрибаи кишварҳои гуногун дар соҳаи дипломатияи сабз ва татбиқи ин моделҳо дар рушди устувори Тоҷикистон диққати махсус медиҳад.
Айни ҳол дар Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ фаъолият мебарад. Ичунин ӯ кори илсии худро вобаста ба дипломатияи сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда истодааст.
Фаъолияти ӯ дар Институт ба таҳқиқ ва рушди стратегияҳои иқтисоди сабз, дипломатияи экологӣ, мушкилоти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, ва сиёсати энергетикии экологӣ нигаронида шудааст. Ӯ ба таҳлили таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти иқтисоди сабз ва мутобиқсозии он ба шароити Тоҷикистон машғул буда, ҷанбаҳои гуногуни сиёсати экологии давлатро меомӯзад.
Ҳамчунин, ӯ дар таҳияи тавсияҳо барои баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии экологӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сабз, ва рушди дипломатияи экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.
Рӯихати корҳои илмӣ – ORCID
Ходими илмии шуъба
Зиёбиддинов Анушервон Баҳриддинович
Зиёбиддинов Анушервон Баҳриддинович – ходими илмии шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабзи Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Соли 2021 зинаи бакалавриат ва соли 2023 зинаи магистратураро дар Донишгоҳи давлатии Олтой (Федератсияи Россия) аз рӯйи ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ» хатм намудааст.
Самтҳои таҳқиқоти илмии ӯ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ, дипломатияи сабз ва дипломатияи обу иқлим, ҳамкории минтақавӣ ва механизмҳои байналмилалии рушди устуворро дар бар мегиранд. Дар доираи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ба омӯзиши санадҳои байналмилалӣ, ташаббусҳои Созмони Милали Муттаҳид ва механизмҳои дипломатии ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу иқлим ва муҳити зист машғул аст.
