• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Кормандон

Ходими калони шуъба

Нурмаҳмадов Замир Мирмаҳмадович

✉ romeo1tj@gmail.com

Нурмаҳмадов Замир Мирмаҳмадович – ходими калони шуъбаи саноати сабз ва иқтисоди даврагии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, мутахассиси соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон ва иқтисодиёти минтақавӣ. Соли 2011 литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм карда, соли 2012 ба ҳамин донишгоҳ дохил шудааст ва соли 2015 аз рӯи ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон таҳсилро бо натиҷаҳои хуб ба анҷом расонидааст. Бо мақсади такмили донишу малакаи касбӣ соли 2015 таҳсилро дар зинаи магистратураи Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия идома дода, соли 2017 онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

   Фаъолияти меҳнатии худро аз моҳи сентябри соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оғоз намуда, дар як қатор вазифаҳои омӯзгорӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла муаллими кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ (солҳои 2017-2021), муаллими калони кафедраи мазкур (солҳои 2021-2022 ва 2023-2024), муовини декан оид ба таълим – эдвайзери факултети молия ва қарз (солҳои 2022-2023) ва муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук (солҳои 2024-2025) кор кардааст. Аз сентябри соли 2025 то 15 марти соли 2026 муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ буда, аз апрели соли 2026 то имрӯз ба вазифаи ходими калони шуъбаи саноати сабз ва иқтисоди даврагии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.

   Дар рафти фаъолияти касбӣ худро ҳамчун мутахассиси масъулиятшинос, ташаббускор ва дорои ҷаҳонбинии васеи илмӣ муаррифӣ намуда, дар рушди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ саҳми назаррас гузоштааст. Самти асосии фаъолияти илмии Замир Нурмаҳмадов ба масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳон, ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ, рушди устувор ва иқтисоди сабз равона гардидааст.

   Дар давоми фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ соҳиби як қатор ифтихорномаҳо ва мукофотҳои соҳавӣ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2022 бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, соли 2024 бо медали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои «Беҳтарин кори илмӣ – 2024» мукофотонида шудааст, ки нишонаи эътирофи фаъолияти илмии ӯ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

   Забонҳои тоҷикӣ (забони модарӣ), русӣ (озодона) ва англисиро (дар сатҳи муошират) медонад. Малакаи истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва барномаҳои компютериро дорад. Бо сифатҳои шахсӣ, аз қабили масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ, ташаббускорӣ, қобилияти қабули қарорҳои дуруст ва маҳорати баланди кор дар гурӯҳ фарқ мекунад.

Elibrary

Farzonagon