• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

МУВАФФАҚИЯТИ НАВ ДАР ҶОДАИ ИЛМ: ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДИССЕРТАТСИОНИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТ

МУВАФФАҚИЯТИ НАВ ДАР ҶОДАИ ИЛМ: ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДИССЕРТАТСИОНИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТ

  Ҳайати кормандони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон корманди Институт Изатуллозода Рамазон Хайруллоро ба муносибати ҳимояи муваффақонаи рисолаи диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060800 – Экология (6D060803 – Экология (илмҳои техникӣ)) самимона табрик менамояд.

   Рисолаи илмии муҳаққиқ дар мавзуи «Арзёбии экологии истифодаи тафолаҳои оҳангудозӣ дар истеҳсоли маводи сохтмонӣ (дар мисоли КВД «Коргоҳи мошинасозӣ»)» санаи 15 сентябри соли 2026 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-091 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бомуваффақият ҳимоя гардид.

   Ин дастоварди илмӣ натиҷаи заҳмати пайваста, ҷустуҷӯҳои илмӣ, масъулиятшиносӣ ва талошҳои ҳадафмандонаи муҳаққиқ буда, дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки партовҳои саноатӣ ва рушди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор аҳаммияти муҳим дорад.

  Ҳайати Институт ин муваффақияти арзандаи илмиро ба Изатуллозода Рамазон Хайрулло самимона муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ дастовардҳои боз ҳам бештар, муваффақиятҳои нав ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро орзу менамояд.

   Муваффақияти илмӣ муборак бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *