
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ УСТУВОР»
Намояндагони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ дар Форуми байналмилалии «Дипломатияи сулҳ ба хотири ояндаи устувор» иштирок менамоянд.
Форуми байналмилалӣ бо ташаббуси Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ баргузор гардида, дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок доранд.
Ҳадафи форум баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба таҳкими сулҳ ва субот, рушди устувор, иқтисоди сабз, дипломатияи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ мебошад.
Иштироки намояндагони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ барои табодули таҷриба, таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз заминаи мусоид фароҳам меорад.










