
ДИПЛОМАТИЯИ САБЗ – САМТИ СТРАТЕГИИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо барои таҳкими дипломатияи сабзи Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор заминаи муҳим фароҳам овардаанд. Баррасии илмии ин ташаббусҳо ва нақши онҳо дар пешбурди манфиатҳои миллӣ меҳвари Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Мавқеи дипломатияи сабз дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.
Ҳамоиш 26 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломатҳои соҳибтаҷриба, намояндагони ҷомеаи илмӣ ва устодону муҳаққиқон иштирок намуданд.
Конфронсро муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва паёми шодбошию орзуҳои неки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Сатторро ба ҳозирин расонид. Ӯ аз номи роҳбарияти донишгоҳ барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баррасии масъалаҳои муҳими дипломатияи сабз изҳори сипос намуд.
Дар аснои суханронӣ Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ таъкид намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хориҷии созанда ва масъулияти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Зикр гардид, ки ҳифзи сарчашмаҳои об ва таъмини устувории экологӣ бо амнияти озуқаворию энергетикӣ, рушди минтақаҳо ва некуаҳволии аҳолӣ пайванди мустақим дошта, дипломатияи сабз барои ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ бо ҳадафҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояву технологияҳои экологӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Ҳамзамон, нақши илм ва донишгоҳҳо дар арзёбии оқибатҳои тағйирёбии иқлим, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, таҳияи пешниҳодҳои асоснок ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб ҳамчун омили муҳими татбиқи ҳадафҳои рушди устувори мамлакат таъкид шуд.
Барномаи илмии конфронс маърузаҳои Эркинхон Раҳматуллозода – Сафири фавқулода ва мухтор, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Шариф Раҳимзода – Сафири фавқулода ва мухтор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ; Холбобоев Файзулло Самадович – номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ – доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи равандҳои сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Бобоҷонова Мунзифа Мирзоевна – номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистонро фаро гирифт, ки ба масъалаҳои гузариш аз дипломатияи классикӣ ба дипломатияи сабз, нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ, асосҳои қонунгузории татбиқи он, робитаи рушди устувор бо ташаббусҳои нави байналмилалӣ ва ҳамкориҳои обу иқлим бахшида шуда буданд.
Баргузории ҳамоиш ифодагари таваҷҷуҳи пайвастаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба дастгирии илмии сиёсати сабзи Пешвои миллат буда, барои таҳкими ҳамкории ҷомеаи илмӣ бо намояндагони соҳаи дипломатия заминаи мусоид фароҳам овард. Муҳокимаи масъалаҳои меҳварии дипломатияи сабз дар чунин сатҳ ба ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ бо афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ, таҳияи пешниҳодҳои асоснок ва истифодаи неруи зеҳнии муассисаҳои илмӣ дар ҳалли масъалаҳои рушди устувор мусоидат менамояд. Донишгоҳ тавассути фаъолияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ва густариши ҳамкориҳои илмӣ талош дорад, ки натиҷаҳои таҳқиқот ба воситаи муассири дастгирии ташаббусҳои сабзи Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешбурди ҳадафҳои стратегии мамлакат табдил ёбанд.


























