• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

📢ЭЪЛОН!!! Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ».

   Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи  Ҳанновер ба номи Готфрид Вилҳелм Лейбнитс (Олмон) олимон, коршиносон, омӯзгорон, муҳаққиқон, докторантон ва намояндагони ҷомеаи илмиро барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ» даъват менамояд.

   Конференсия ҳамчун платформаи байналмилалии илмӣ ва амалӣ барои муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқоти муосир ва роҳҳалҳои амалии марбут ба рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди иқтисоди сабз ва дигаргунсозии технологӣ дар бахши кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ мегардад.

        

Санаи баргузорӣ: 14-15 октябри соли 2026

 Ҷойи баргузорӣ: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Шакли иштирок: ҳузурӣ ва онлайн

 Забонҳои корӣ: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ

 

Шахси масъул: д.э.н., профессор Арабов Фирдавс Пулодович

 Тел.: (+992) 918-72-28-29

 E-mail: pulodzoda.fp@gmail.com

https://forum.iutet.tj/program?lang=tj#day2 

https://www.greeneconomy.tj/wp-content/uploads/2026/09/info_letter_3_tj-1.pdf 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *