📢 ЭЪЛОН!!! Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ «МАВҚЕИ ДИПЛОМАТИЯИ САБЗ ДАР НИЗОМИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 26 сентябри соли 2026 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Мавқеи дипломатияи сабз дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд.
Дар конференсия масъалаҳои мубрами дипломатияи сабз, иқтисоди сабз, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо, амнияти экологӣ ва озуқаворӣ, энергетикаи сабз, сармоягузориҳои сабз ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ба конференсия олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, марказҳои таҳлилӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои экологӣ ва ҷамъиятӣ даъват карда мешаванд.
Сана: 26 сентябри соли 2026
Вақт: 10:00–12:00
Макон: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5
Шакли баргузорӣ: ҳузурӣ
https://www.greeneconomy.tj/wp-content/uploads/2026/09/Матуби-иттилооти.pdf
