• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ДУРНАМОИ ИШТИРОКИ ДБССТ ДАР РЕЙТИНГИ UI GREENMETRIC-2026 МУҲОКИМА ГАРДИД

29-уми майи соли 2026 ҷаласаи маҷозии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва масъулини гузаронидани рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои устувор (UI GreenMetric Sustainable University Rankings) аз Донишгоҳи Индонезия баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, профессор Фарҳод Шарофзода ва роҳбари UI GreenMetric доктор Вишну Джувоно баромад намуда, аҳамияти калидии иштироки донишгоҳро дар UI…

КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН

28 майи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва иштироки Котиби генералии Конвенсияи Рамсар доктор Мусонда Мумба вобаста ба масъалаи об ва болтлоқзорҳои аҳамияи байналмилалидошта нишасти илмӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинии зикршуда устодону кормандони донишгоҳ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи он фаъолона ширкат варзиданд. Нишаст бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба рушди стратегии донишгоҳ…

Маросими расмии ҷамъбаст ва супоридани сертификатҳо ба иштирокчиёни “Лагери экологӣ”

Масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки дар ҳамин замина баргузории “Лагери экологӣ” ҳамчун иқдоми муҳиму саривақтӣ маънидод мегардад. Лагери мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо…

Саҳмгузории “Лагери экологӣ” дар кабудизоркунии Донишкада

Нимаи аввали рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ иштирокчиёни “Лагери экологӣ” ба хотири саҳмгузорӣ дар сабзу хуррамгардонии саҳн ва атрофи бинои маъмурии МД “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и ДБССТ иқдоми наҷибонаеро рӯи кор оварда, ба василаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз муҳити атрофро боз ҳам зебову дилфиреб гардониданд. Ташаббуси мазкур барои фардои солиму сабзи ҷомеа замина гузошта, ҳисси масъулият ва муҳаббати ҷавононро нисбат ба табиат…

Чорабинии экологӣ бахшида ба Рӯзи Замин дар масири Бохтар-Данғара

22 апрели соли ҷорӣ бо мақсади таҷлил аз Рӯзи байналмилалии Замин дар ҳамкории якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе ва Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар масири шоҳроҳи Бохтар-Данғара аксияи навбатии “Тозагии маҳал” ва “Тозагии…

Рӯзи Заминро бо амал ҷашн гирифтем!

Мо, аъзоёни лагери экологӣ, Рӯзи байналмилалии Заминро на бо сухан, балки бо амали воқеӣ пешвоз гирифтем. Гурӯҳи мо иқдоми муҳими экологиро роҳандозӣ намуда, саҳми худро дар тозагии табиат гузошт. Ҳадафи мо оддӣ ва муҳим аст: – Ҷалби ҷавонони фаъол ба ҳифзи муҳити зист. – Тарғиби сайёҳии устувор ва эҳтиром ба табиат. Мо боварӣ дорем, ки ояндаи сайёра дар дасти мост….

Рӯзи илҳом, мубодилаи афкор ва ташаккули тафаккури “сабз

«Рӯзи илҳом, мубодилаи афкор ва ташаккули тафаккури “сабз” барои ояндаи беҳтар» чун шиор дар вирди забони ширкаткунандагони “Лагери экологӣ” мечархад, ки имрӯз МД “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и ДБССТ аз баргузории рӯзи дуюми лагери мазкур мизбонӣ менамояд.

Донишкадаи байналмилалии Левакант аз баргузории лагери экологӣ мизбонӣ менамояд.

20 апрели соли 2026 дар толори конфронси МД “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и ДБССТ маросими расмии ифтитоҳи лагери экологӣ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва…

САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ДИПЛОМАТИЯИ САБЗ

Таҳти чунин унвон 16-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ва Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» II-юмин Конфронси байналмилалии илмию амалӣ оғоз гардид. Дар кори конфронс зиёда аз 200 нафар иштирокчӣ, аз…

ИҚДОМИ САБЗ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ УСТУВОР: ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ “ДӮСТӢ” ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба кишвари «Сабз» табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи баргузории Саммити ректорони донишгоҳҳои «Сабз», 15 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдоми муҳимми экологӣ – шинонидани дарахтони «Дӯстӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки ректорони донишгоҳҳои аъзои донишгоҳҳои «Сабз»,…