• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ САММИТИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ “САБЗ” ДАР ДУШАНБЕ

15 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар пойгоҳи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Саммити ректорони донишгоҳҳои “Сабз” таҳти унвони «Донишгоҳҳои оянда: Green. Digital. Smart» бо иштироки шарики байналмилалӣ UI GreenMetric World University Rankings ва ҳузури 150 нафар ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин профессорон ва олимони соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Саммит бо сухани ифтитоҳии…

ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН – ҲАМОҲАНГСОЗИ МИЛЛИИ ШАБАКАИ UI GREENMETRIC ДАР ТОҶИКИСТОН

​Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric ва ташаббусҳои “сабз” дар Тоҷикистон таъин гардид! ​​Дарёфти ин шаҳодатномаи байналмилалӣ нишонаи эътирофи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти тарғиби устувории экологӣ ва ташаббусҳои «сабз» мебошад. Акнун Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсоз барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар доираи…

ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ФАЗОИ ҲАМДИЛӢ ВА ФАРҲАНГИ БАЛАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

14 апрели соли 2026 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, барои меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни форум Шоми дӯстӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид. Чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои дӯстона, муаррифии фарҳангу суннатҳои миллӣ ва фароҳам…

ИФТИТОҲИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР. САБЗ. РАҚАМӢ. ҲУШМАНД.»

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе 14 апрели соли 2026 Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» бо иштироки доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони хориҷӣ расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба…

Шиносоии аъзои нави клуби волонтёрони экологӣ бо фаъолияти Кумита

Дар арафаи ҷашни Наврӯз як гуруҳ аъзои нави Клуби волонтёрони экологӣ, ки аксариятро донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил мекунад, дар бинои Кумита аз Раёсати рақамикунонӣ ва инноватсия боздид ба амал оварданд. Ба волонтёрон мутахассиси Раёсати мазкур доир ба тарзу рафти корҳо ва махсусияти фаъолияти Раёсати мазкури Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Сипас…

ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ МУАРРИФИИ ИЛМИ ВАТАНӢ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

10 марти соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинар оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ, зиёд намудани мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз, аз он ҷумла дар пойгоҳи Scopus ва фароҳам овардани замина барои иштироки муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ баланд бардоштани сифати таҳқиқоти…

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бо чунин унвон рӯзи 17-уми феврали соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, олимон ва коршиносони соҳа баргузор гардид. Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори Институт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода…

ШАРИКӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ САБЗ

27 январи соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз муаррифии маҷозӣ барои шарикони хориҷӣ дар мавзӯи “Шарикӣ ба хотири ояндаи сабз” баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин фаъолияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ҳамчун платформаҳои кушода…

ЧОРАБИНИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ҶАВОНОН

23 январи соли 2026 бо ташаббуси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) ҳамоиши ҳамоҳангсозӣ ва рушди робитаҳои корӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Устувории сулҳ ва амният» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбзода Хусрав оғоз гардида, ҳамчунин намояндагони чандин ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Дар…

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ДОНИШГОҲ

12 январ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сохторҳои Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тағйироти кадрӣ амалӣ гардид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим номзади илмҳои иқтисодӣ ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуд. Ҳамчунин, дар мувофиқа…