
БАРРАСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ ВА ҲИФЗИ ЭКОСИСТЕМАҲОИ ТАБИӢ
Санаи 4-уми июни соли 2026 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Иқтисоди сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиӣ: тамоюлҳои муосир, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори Институт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки дар шароити муосир масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди иқтисоди сабз аз муҳимтарин самтҳои таъмини рушди устувор ба ҳисоб мераванд.
Дар бахши асосии мизи мудаввар маърӯзаҳои илмии Каримов Алихон Аҳмадович – номзади илмҳои геологӣ, директори КВД «Табиат»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эргашев Муродҷон – номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими илмии шуъбаи мелиоратсияи хоки Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Сафаров Маҳмад – ходими илмии Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Изатуллозода Рамазон – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ва Ҳукуматов Эмомалӣ – волонтёри Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз шунида шуданд.
Дар бахши музокираҳо иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи экосистемаҳои табиӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди технологияҳои сабз ва баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти экологӣ мубодилаи афкор намуданд.
Мизи мудаввар ҳамчун платформаи муҳими илмӣ барои баррасии масъалаҳои рушди иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ гардид. Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкориҳои байни муассисаҳои илмӣ, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҷиҳати таъмини рушди устувор ва ҳифзи экосистемаҳои табиӣ таъкид намуда, пешниҳодҳои мушаххас барои такмили сиёсати экологӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионии сабз ироа намуданд.






























