• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ШАРИКӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ САБЗ

27 январи соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз муаррифии маҷозӣ барои шарикони хориҷӣ дар мавзӯи “Шарикӣ ба хотири ояндаи сабз” баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин фаъолияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ҳамчун платформаҳои кушода…

ЧОРАБИНИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ҶАВОНОН

23 январи соли 2026 бо ташаббуси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) ҳамоиши ҳамоҳангсозӣ ва рушди робитаҳои корӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Устувории сулҳ ва амният» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбзода Хусрав оғоз гардида, ҳамчунин намояндагони чандин ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Дар…

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ДОНИШГОҲ

12 январ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сохторҳои Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тағйироти кадрӣ амалӣ гардид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим номзади илмҳои иқтисодӣ ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуд. Ҳамчунин, дар мувофиқа…

ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба имкониятҳои рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии “Ромит” 25 декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Резервати биосферии Ромит: имкониятҳо барои рушди устувор, илм ва сайёҳии экологӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти муҳити зист ва…

РУШДИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАЪМИНИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРӢ

Рӯзи 22-юми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ва кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисоди соҳавии Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди энергияи сабз ҳамчун омили таъмини ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ», бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ…

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

17-уми декабри соли 2025 мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабзи Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ н.и.т., дотсент Маҷидӣ Умедҷон Қудратулло дар конференсияи байналмилалии «Давлатҳои Авруосиёи Марказӣ дар раванди ҳамгироӣ», ки дар Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон бо иштироки олимон ва коршиносони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҳамчунин ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда, оид…

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Аҳли кормандони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони дигар сохторҳои донишгоҳ бо як ҳисси…

НАВИДИ САБЗ АЗ ТАЙВАН: ИШТИРОКИ ДБССТ ДАР РЕЙТИНГИ ҶАҲОНИИ “ДОНИШГОҲҲОИ САБЗ”

Раёсат, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба кишвари “сабз” табдил додани мамлакат ва бештару ҳадафмандона муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, пайваста сайъю кӯшиш менамоянд.   Дар робита ба ин, рӯзи 5-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи миллии Чи Нани…

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ИНСТИТУТ

Рӯзи 2-юми декабри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи Шурои илмӣ баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ мавриди барррасӣ қарор дода шуд. Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Исломбек Зоирзода ва…

БАРГУЗОРИИ ҲАКАТОНИ ЭКОЛОГИИ “ПЕШСАФОНИ САБЗ”

Рӯзҳои 26-28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва гурӯҳи ташаббускори “Ecoproactive” ҳакатони экологии таълимӣ дар байни ҷавонон таҳти…