• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ШАРИКӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ САБЗ

27 январи соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз муаррифии маҷозӣ барои шарикони хориҷӣ дар мавзӯи “Шарикӣ ба хотири ояндаи сабз” баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин фаъолияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ҳамчун платформаҳои кушода…

ЧОРАБИНИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ҶАВОНОН

23 январи соли 2026 бо ташаббуси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) ҳамоиши ҳамоҳангсозӣ ва рушди робитаҳои корӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Устувории сулҳ ва амният» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбзода Хусрав оғоз гардида, ҳамчунин намояндагони чандин ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Дар…

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ДОНИШГОҲ

12 январ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сохторҳои Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тағйироти кадрӣ амалӣ гардид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим номзади илмҳои иқтисодӣ ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуд. Ҳамчунин, дар мувофиқа…