АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САМАРАИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ифтихору эҳтироми хоса таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо як ҷашни касбӣ, балки рамзи шуҷоат, матонат, ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошад. Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ва кафили истиқлолияти давлатӣ эътироф гардидааст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9…
