• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

МЕТОДОЛОГИЯИ ТАҲҚИҚОТ ДАР САМТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР: АЗ МАСЪАЛАГУЗОРӢ ТО НАТИҶАҲОИ ИЛМӢ

МЕТОДОЛОГИЯИ ТАҲҚИҚОТ ДАР САМТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР: АЗ МАСЪАЛАГУЗОРӢ ТО НАТИҶАҲОИ ИЛМӢ

    19 сентябри соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ семинари илмӣ дар мавзуи «Методологияи таҳқиқот дар самти Ҳадафҳои рушди устувор: аз масъалагузорӣ то натиҷаҳои илмӣ» баргузор гардид.

    Ҳадафи асосии семинар такмили малакаҳои таҳқиқотии кормандони илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, рушди фарҳанги академии навиштан ва тақвияти малакаҳои омодасозии натиҷаҳои таҳқиқот барои нашр дар маҷаллаҳои байналмилалии индексатсияшаванда буд.

    Дар семинар сараввал ходими пешбари илмии шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ З.Ф. Ҷӯраева, дар мавзуи «Хусусиятҳои интишори мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои индексатсияшавандаи SCOPUS ва Web of Science» бо маърӯза баромад намуданд. Дар маърӯза хусусиятҳои нашри мақолаҳои илмӣ дар пойгоҳҳои додаҳои байналмилалии иқтибосӣ-таҳлилии Scopus ва Web of Science, талаботи маҷаллаҳои байналмилалӣ, интихоби маҷаллаи мувофиқ, мутобиқ намудани мавзуъ ва муҳтавои мақола ба самти илмии маҷалла ва риояи талаботи муқарраргардидаи нашр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ҳамзамон, муовини директор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Арабов Ф.П., дар самти методологияи таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи мақолаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои ташкили мантиқии раванди таҳқиқот, муайян намудани проблемаи илмӣ, таҳияи саволи таҳқиқотӣ, омӯзиш ва таҳлили адабиёти илмӣ, муайян намудани холигии илмӣ, интихоби методологияи мувофиқ, таҳлил ва асоснок намудани натиҷаҳо ва нишон додани саҳми илмии муаллифро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Дар идомаи семинар масъалаҳои марбут ба робитаи байни проблемаи илмӣ, саволи таҳқиқотӣ, методология, натиҷаҳо ва хулосаҳо мавриди мубоҳиса қарор гирифта, зарурати риояи принсипҳои мантиқӣ ва пайдарҳамии илмӣ дар таҳияи корҳои таҳқиқотӣ таъкид гардид.

   Дар муҳокимаи масъалаҳои пешниҳодшуда директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода ва дигар кормандони Институт иштирок намуда, андешаҳо ва пешниҳодҳои илмии худро баён карданд. Зимни муҳокима зарурати баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, тақвияти фарҳанги академии навиштан, истифодаи дурусти манбаъҳои илмӣ, асоснок намудани навоварӣ ва саҳми илмии таҳқиқот, риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ ва омода намудани мақолаҳо мутобиқ ба талаботи маҷаллаҳои байналмилалӣ таъкид гардид.

  Дар фарҷоми семинар қайд карда шуд, ки ташкили пайвастаи чунин чорабиниҳои илмӣ барои такмили малакаҳои таҳқиқотӣ, рушди иқтидори илмӣ-таҳқиқотии кормандон, баланд бардоштани сифати интишороти илмӣ ва густариши иштироки муҳаққиқон дар фазои байналмилалии илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *