
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳа, устодон ва аҳли илму адаб иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарофзода Фарҳод Раззоқ ифтитоҳ намуда, аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатиро дар фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва пешбурди сиёсати муосири иқтисоди сабз таъкид кард. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди энергетикаи тоза, татбиқи технологияҳои сабз ва таъмини рушди устувор ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.
Аз номи раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ иштирокчиёни мизи мудавварро хайрамақдам гуфта, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмиро дар таҳқиқи масъалаҳои рушди устувор, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва пешниҳоди роҳҳои илман асосноки гузариш ба иқтисоди сабз муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идома Фазлиддин Икромӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар мавзуи «Рушди устувори кишоварзӣ дар замони истиқлоли давлатӣ» суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, баланд бардоштани устувории истеҳсолоти аграрӣ ва мутобиқшавии соҳа ба шароити тағйирёбии иқлимро мавриди таҳлил қарор дод.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Досиев Маҳмадулло Назарович, профессори кафедраи идоракунии молияи давлатӣ ва иқтисоди рақамии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Рушди иқтисоди сабз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ҷанбаҳои назариявию амалии ташаккули иқтисоди сабз, аҳаммияти сармоягузориҳои экологӣ, технологияҳои муосир, истифодаи самараноки захираҳо ва нақши механизмҳои молиявию идоракуниро дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, шоир ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Синои Абӯалӣ дар мавзуи «Эҳёи арзишҳои миллӣ дар замони истиқлоли давлатӣ» суханронӣ намуда, нақши Истиқлоли давлатиро дар таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстӣ таъкид кард.
Дар ҷараёни мизи мудаввар доир ба масъалаҳои ташаккули иқтисоди сабз, рушди устувори кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, рушди энергияи барқароршаванда, ҷорӣ намудани технологияҳои сабз, тақвияти таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи таърихии таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фароҳамсозии заминаҳои устувор барои гузариш ба модели муосири иқтисоди сабз мебошад. Тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ташаккули иқтисоди рақобатпазир, сабз ва устувор заминаи боэътимод фароҳам оварад.


















