• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ҚАДРДОНИИ БАЛАНДИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ ҲАЙАТИ ИНСТИТУТ

ҚАДРДОНИИ БАЛАНДИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ ҲАЙАТИ ИНСТИТУТ

Ҳайати кормандони Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ифтихору сарфарозӣ директори институт Фарҳод Шарофзода ва муовини директор Гулшан Бодуроваро ба муносибати дар арафаи ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали давлатии «Хизмати шоиста» сарфароз гардидан самимона табрик мегӯянд.
 
Ҳайати институт ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу дастгирии пайваста, арҷгузорӣ ба аҳли илму маориф ва қадрдонии шоистаи фаъолияти институт изҳори сипосу миннатдории амиқ менамояд.
Ин қадрдонии баланди давлатӣ барои тамоми ҳайати институт боиси ифтихори бузург буда, нишонаи эътирофи заҳмати содиқона, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи институт дар рушди илму таҳқиқот ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат мебошад.
Ба Фарҳод Шарофзода ва Гулшан Бодурова саломатӣ, неруи созанда, муваффақиятҳои нав ва дастовардҳои боз ҳам бештар дар роҳи хизмат ба давлату миллат ва Тоҷикистони азиз орзу менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *