• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

📢 ЭЪЛОН!!! 🏢 ОИД БА ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ

📢 ЭЪЛОН!!! 🏢 ОИД БА ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ

Муассисаи давлатиии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерини холӣ озмун эълон менамояд:

  1. 🌱 Шуъбаи таҳқиқоти энергияи сабз:
  • мудири шуъба – 1 ҷой.
  • сарходими илмӣ – 1 ҷой.
  • ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой.

 

  1. ♻️ Шуъбаи таҳқиқоти саноати сабз ба иқтисоди даврӣ:
  • мудири шуъба – 1 ҷой.
  • ходими калони илмӣ – 1 ҷой.

 

  1. 🌾 Шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ:
  • мудири шуъба – 1 ҷой.

 

  1. 🏨 Шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ:
  • ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой.

 

  1. 👥 Шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ:
  • сарходими илмӣ – 1 ҷой.

 

  1. ⚖️ Шуъбаи таҳқиқоти масъалаҳои ҳуқуқии рушди устувор:
  • мудири шуъба – 1 ҷой.

 

🌍 7. Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз:

  • сарходими илмӣ – 1 ҷой.

 

🎓 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири шуъба ва сарходими илмӣ:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва ё дигар соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди сабз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
  • доштани дараҷаи илмии доктор ё номзади илм (PhD);
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • на кам аз 5 сол доштани собиқаи кории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо;
  • донистани таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
  • донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).

 

📘 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи ходимони илмӣ:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва ва ё дигар соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди сабз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
    • доштани дараҷаи илмӣ;
    • на кам аз 3 сол доштани собиқаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
    • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
    • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
    • донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).

 

📑 Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун. Барои иштирок дар озмун барои ишғоли ҷойҳои холӣ, довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Ариза ба унвонии директори Муассиса;
  2. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
  3. Тарҷумаи ҳол (CV);
  4. Нусхаи шиноснома;
  5. Рӯйхати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
  6. Тавсияномаҳо (агар мавҷуд бошад);
  7. Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҷрибаи корӣ;
  8. Акси ранга (андозаи 3×4 см) – 2 адад.

 

📬 Тартиби супоридани ҳуҷҷатҳо: Ҳуҷҷатҳоро метавон тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи green.iutet@gmail.com фиристод ё шахсан ба унвонии Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пешниҳод намуд.

📍 Суроға: ш.Душанбе, н.Фирдавсӣ, хиёбони Борбад 48/5

📞 Телефон барои тамос: 985-77-79-00, 200-72-28-29

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 31.08.2026.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *