• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бо чунин унвон рӯзи 17-уми феврали соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, олимон ва коршиносони соҳа баргузор гардид.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори Институт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода оғоз гардид. Зимни баромад таъкид гардид, ки дар партави сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити муосир гузариш ба иқтисоди сабз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Имрӯз ҷаҳон дар шароити таҳаввулоти амиқи иқтисодӣ ва экологӣ қарор дошта, тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ ва мушкилоти амнияти энергетикӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба рушди устувор ва иқтисоди сабз раҳнамун месозанд. Дар ин робита, конфронси ҳамчун минбари муҳими муколамаи илмӣ ва таҳияи пешниҳодҳои амалӣ арзёбӣ мешавад.

Дар бахши пленарӣ маърӯзаҳои илмии Қассобов Лоиқ Сафарович – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Явмутов Дилшод Шойимардонкулович – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Андрей Молочко – коршиноси калони иқтисоди энергетикӣ дар Лоиҳаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо (Ҷумҳурии Беларус), Жилсов Сергей Сергеевич – доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба (Федератсияи Руссия), Аннетт Лейтеритс – роҳбари барномаи мубориза бо гуруснагии ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Олмон), Адам Сауд – профессор, декани факултети илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии Донишгоҳи Баҳрия (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Наврӯзшоев Хофиз – номзади илмҳои техникӣ, намояндаи Институти тадқиқоти ҷомеаҳои кӯҳии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Собит Ориёнбассар – намояндаи Институти таҳқиқоти муқоисавии ҳамгироии минтақавии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (UNU-CRIS) (Шоҳигарии Белгия) шунида шуданд.

Дар бахши музокираҳои илмӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва коршиносони соҳа аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воҳидҳои сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои гузариш ба иқтисоди сабз дар минтақаи Осиёи Марказӣ баён намуданд.

Рӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ конфронc дар бахшҳои алоҳида идома меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *