
ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ТАҲКИМИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО
Дар шароити муосир масъалаи тағйирёбии иқлим ва коҳиш ёфтани захираҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ, ки дорои шумораи зиёди пиряхҳо мебошад, дар ин раванд нақши муҳим дорад. Зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз қаламрави Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва қисми асосии онҳо маҳз аз ҳисоби пиряхҳо ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, омӯзиш, ҳифз ва назорати илмии пиряхҳо на танҳо аҳамияти миллӣ, балки минтақавӣ ва байналмилалӣ низ дорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, захираҳои обӣ ва махсусан пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Яке аз нуктаҳои муҳими ин Паём пешниҳод оид ба табдил додани Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Институти масъалаҳои омӯзиши пиряхҳо мебошад. Ин иқдом нишонаи сиёсати дурбинонаи давлат дар самти рушди илм ва таъмини амнияти экологӣ ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои охир таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бинобар гармшавии глобалӣ шумораи зиёди пиряхҳо дар Тоҷикистон дар ҳоли коҳиш ёфтан қарор доранд. Ин раванд метавонад дар оянда боиси афзоиши офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезиҳо ва инчунин таъсири манфӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика расонад. Аз ин рӯ, зарурати тақвияти заминаи илмӣ ва таҳқиқоти мукаммали пиряхҳо бештар эҳсос мешавад.
Табдил додани Маркази омӯзиши пиряхҳо ба институт имконият фароҳам меорад, ки таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи нав ба роҳ монда шаванд. Институт метавонад ба омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои глятсиологӣ, мониторинги доимии пиряхҳо ва таҳлили таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо машғул гардад. Ҳамзамон, такмили базаи моддиву техникӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба имкон медиҳад, ки натиҷаҳои таҳқиқот боэътимод ва муфид бошанд.
Ин иқдом инчунин барои омода намудани кадрҳои илмии ҷавон аҳамияти калон дорад. Институт метавонад ҳамчун мактаби илмӣ хизмат карда, муҳаққиқони ҷавонро ба омӯзиши масъалаҳои муҳими пиряхшиносӣ ҷалб намояд.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо ва эълон гардидани соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтаанд. Таъсиси Институти масъалаҳои омӯзиши пиряхҳо метавонад мавқеи Тоҷикистонро дар ин самт боз ҳам таҳким бахшад ва заминаи густариши ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам оварад.
Дар маҷмӯъ, ташаббуси Пешвои миллат оид ба табдил додани Маркази омӯзиши пиряхҳо ба институт иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Ин қарор ба ҳифзи захираҳои табиӣ, рушди илм ва таъмини амнияти обии кишвар равона гардида, барои наслҳои оянда заминаи устувори зиндагиро фароҳам месозад.
Шукуров Алишер
Мутахассиси шуъбаи техникии
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
