
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таъсиси Артиши миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол яке аз муҳимтарин қадамҳо дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд нақши калидӣ ва таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебозад. Маҳз бо ҷоннисориҳо, иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаи Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила иқтидори худро тақвият бахшида, аз як сохтори навтаъсиси дорои имкониятҳои маҳдуд ба нерӯи муосир, муназзам табдил ёфт, ки имрӯз қодир аст амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва суботи ҷомеаро бо масъулияти баланд ҳифз намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ қарор дошт. Норасоии кадрҳои касбӣ, набудани заминаи моддиву техникӣ ва шиддат гирифтани мухолифатҳои дохилӣ раванди ташаккули сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Қувваҳои Мусаллаҳро душвор мегардонд. 18 декабри соли 1992 бо имзои қарори «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заминаи ҳуқуқии таъсиси Артиши миллӣ гузошта шуд. 23 феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардида, ин рӯз расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон шуд.
Дар солҳои аввали таъсис, Артиши миллӣ дар шароите бунёд гардид, ки кишвар аз лиҳози инфрасохтори ҳарбӣ ва заминаи моддию техникӣ имкониятҳои зарурӣ надошт ва он амалан аз сифр ташаккул ёфт. Маҳз бо роҳбарӣ ва иродаи қавии Пешвои миллат:
– сохторҳои аввалини идоракунии ҳарбӣ таъсис ёфтанд;
– ҷузъу томҳои нав таъсис дода шуданд;
– раванди омодасозии кадрҳои миллӣ оғоз гардид;
– заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ муқаррар шуданд.
Дар солҳои мухолифати дохилӣ Артиши миллӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар нақши ҳалкунанда бозид. Роҳбарии олии сиёсӣ ва низомии давлат аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба муттаҳидсозии нерӯҳо ва таҳкими интизоми ҳарбӣ мусоидат намуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат ислоҳоти фарогири низомӣ амалӣ гардид. Дар доираи ин ислоҳот:
– Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил дода шуд;
– Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардиданд;
– дар заминаи Колеҷи олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт;
– навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ – Қӯшунҳои зудамал ташкил карда шуд.
Бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ:
– шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардид;
– қисмҳои ҳарбӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин шуданд;
– машқҳои муштараки зиддитеррористӣ ва амалиётӣ-тактикӣ мунтазам баргузор мегарданд;
– ҳамкориҳои ҳарбӣ бо кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфтанд.
Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбӣ дар гарнизони Хатлон баргузор шуда, минбаъд омодагии ҷангӣ тибқи нақшаи ягонаи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Ин тадбирҳо ба баланд гардидани сатҳи касбият ва омодабошии ҷузъу томҳо мусоидат карданд.
Пешвои миллат дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста масъалаи таҳкими амнияти миллӣ, омодагии доимӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавононро таъкид менамоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.
Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон:
– нерӯи мустаҳкам ва обутобёфта мебошад;
– мактаби тарбияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ гардидааст;
– яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Таҳкими заминаҳои иқтисодии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи мудофиа ба шумор рафта, бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои Миллат марҳила ба марҳила амалӣ гардидааст. Дар даврони истиқлолият маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфта, заминаи моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ мустаҳкам карда шуд, инфрасохтори ҳарбӣ таҷдиду навсозӣ гардида, ҷузъу томҳо бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин шуданд.
Ҳамзамон, ба беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани музди меҳнат, таъмини манзил ва кафолатҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси миллӣ сармоягузории мақсаднок ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, заминаҳои иқтисодии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳким ёфта, иқтидори мудофиавии кишвар ба сатҳи сифатан нав бардошта гардид.
Дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои Миллат пайваста ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати баланд бардоштани музди меҳнат ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи мудофиаро таъкид менамоянд. Дар натиҷаи чунин сиёсати пайгирона маоши хизматчиёни ҳарбӣ давра ба давра зиёд гардида, барои онҳо шароити беҳтари хизмат ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд, ки ин ба болоравии рӯҳияи хизматӣ, устувории кадрҳо ва таҳкими қобилияти мудофиавии давлат мусоидат менамояд. Дар панҷ соли охир ин раванд хусусияти устувор касб намуд: аз ҷумла, соли 2022 маоши хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз, соли 2023 боз 25 фоизи дигар ва соли 2024 то 40 фоиз зиёд карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра музди меҳнати хизматчиёни низомӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба ҳисоби миёна беш аз ду баробар боло рафт, ки ин нишондиҳанда ба таҳкими вазъи иҷтимоии онҳо ва баланд гардидани самаранокии хизмат мусоидат намуд.
Таҳкими иқтидори мудофиавӣ, ислоҳоти пайдарпайи низомӣ, омодасозии кадрҳои миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳ самараи сиёсати дурбинона ва пайгиронаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад.
Бигзор Артиши миллии мо ҳамеша сипари боэътимоди давлату миллат, кафили сулҳу субот ва рамзи ифтихору сарбаландии Тоҷикистони соҳибистиқлол боқӣ монад!
Арабов Фирдавс – Муовини аввал, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
