
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи иттилоотии минтақавии UI GreenMetric-ро баргузор намуд
Санаи 2-юми июни соли 2026, соати 09:00, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги байналмилалии UI GreenMetric World University Rankings дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо UI GreenMetric World University Rankings, ҷаласаи иттилоотии минтақавиро оид ба иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даври нави рейтинги UI GreenMetric 2026 баргузор намуд.
Дар ҷаласа зиёда аз 60 нафар намояндагони беш аз 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди устувори донишгоҳҳо, талаботи нави рейтинги байналмилалӣ ва роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро роҳбари UI GreenMetric доктор Вишну Ҷувоно (Dr. Vishnu Juwono) ифтитоҳ намуда, нақши афзояндаи донишгоҳҳоро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъолонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар рейтинги UI GreenMetric таъкид намуд.
Дар идома, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Зулфия Маҳмаднабӣ Қурбонзода, ҳамчун сухани ифтитоҳӣ оид ба нақши донишгоҳ ҳамчун ҳамоҳангсози миллии UI GreenMetric дар Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои иштироки фаъол дар рейтинг суханронӣ намуд.
Директори Институти тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, профессор Фарҳод Шарофзода, маърӯзаи асосиро пешниҳод намуда, тағйиру иловаҳои даври нави рейтинги соли 2026, меъёрҳои баҳодиҳӣ, тартиби омода намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, инчунин талаботи нави вобаста ба идоракунӣ (Governance), рақамикунонӣ (Digitalization), истифодаи самараноки захираҳо, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори донишгоҳҳо-ро муфассал шарҳ дод.
Ҳамчунин, Раҳмӣ С. Ҳум (Rahmi S. Hum), менеҷери амалиёт, маълумот ва рушди хизматрасониҳои UI GreenMetric, вобаста ба масъалаҳои техникии иштирок дар рейтинг, пур намудани саволнома, пешниҳоди далелҳои тасдиқкунанда ва истифодаи низоми электронии рейтинг маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух дод.
Модератори ҷаласа муовини директори Институти тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз доктор Гулшан Бодурова буда, ҷараёни муҳокима ва бахши саволу ҷавобро роҳбарӣ намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён доир ба тартиби иштирок дар рейтинги соли 2026, имкониятҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои донишгоҳҳо, татбиқи технологияҳои рақамӣ, идоракунии устувори захираҳо, истифодаи энергияи барқароршаванда, идоракунии партовҳо, инфрасохтори сабз ва рушди сиёсати устувор саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби намояндагони UI GreenMetric ва мутахассисони донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин ҷаласаҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши фарҳанги рушди устувор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани сифати омодагӣ ба рейтингҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши ҳузури донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ мусоидат менамояд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии UI GreenMetric минбаъд низ барои дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, тақвияти иқтидори онҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор чораҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.















