
АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА РАМЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣҳам дар кишвар камбуданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогирбуд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. Бо туфайли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллии мамлакат таъсис дода шуд.
Бояд, ҳаряк афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳишт осоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Дар зарфи беш аз се даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдилёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Мардуми Тоҷикистон хуб дарёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои авали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳаст. Барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ тоафсари оли рутба вобаст амебошад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият бахалқу Ватанро талаб менамояд. Чун ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, субботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Ҳар ҷавон бохизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Ҷураева Нуқра Неъматовна – сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои ҳуқуқии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
