ЗАНОН – МУБОРИЗОНИ РОҲИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гоҳе дар бораи барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд, ҳамеша бо муҳаббати хосса изҳор медоранд, ки яке аз сабабҳои зуд муваффақ шудани Ҳукумат ба музаффариятҳо маҳз дастгириву кӯмаки занону духтарон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ба нақш ва мавқеи муҳими бонувон дар роҳи ба даст овардани ваҳдат…
