• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ИНСТИТУТ

Рӯзи 2-юми декабри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи Шурои илмӣ баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ мавриди барррасӣ қарор дода шуд. Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Исломбек Зоирзода ва…

БАРГУЗОРИИ ҲАКАТОНИ ЭКОЛОГИИ “ПЕШСАФОНИ САБЗ”

Рӯзҳои 26-28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва гурӯҳи ташаббускори “Ecoproactive” ҳакатони экологии таълимӣ дар байни ҷавонон таҳти…

ДОНИШҶӮЁНИ ДБССТ – ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР ДОИРАИ МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

25 ноябри соли 2025 дар заминаи Донишгоҳи давлатии адлияи судии Россия ба номи В.М. Лебедев, мизи мудаввари илмию амалии донишҷӯён дар мавзуи «Мушкилоти амалияи татбиқи ҳуқуқ ҳангоми баррасии баҳсҳои шаҳрвандӣ ва оилавӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва магистрантон аз муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни гузаронидани мизи мудаввар масъалаҳои мубрами амалияи…

16 НОЯБР – САНАИ ТАҚДИРСОЗ, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана яке аз рӯзҳои муҳим ва пуршарафи таърихи нави давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин сана ба хизматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки бо талош ва иродаи қавии худ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг, парокандагӣ, нобоварӣ наҷот доданд ва пояҳои…

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – САДОҚАТ БА ВАТАНИ МАҲБУБ

Тавре маълум аст, 15-уми апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки тибқи он ҳар сол 16-уми ноябр дар кишвар ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Воқеан таърихи аксар кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери…

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ»

Рӯзи 04-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.   Ҳадафи асосии конфронс рушди тадқиқоти илмӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешбурди механизмҳои иқтисодии устувор…

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТ: ОҒОЗИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ БО ДОНИШГОҲИ АНҲОЛТИ ОЛМОН

01 ноябри соли 2025 вохӯрии кории роҳбарияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони Донишгоҳи Анҳолти Олмон баргузор гардид. Дар ҳайати меҳмонон муовини президент оид ба илм ва рушди устувор профессор Маркус Ҳолс, директори барномаҳои MBA профессор Корнелия Скотт, ҳамчунин директори Маркази байналмилалии таҳқиқоти бозорҳои молиявӣ ва ҷамъияти “Илм бидуни марз”…

ИШТИРОКИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДАР САММИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзҳои 27-29 октябри соли 2025 муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳои Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Гулшан Бодурова дар ҳайати намояндагони Донишгоҳ дар Саммити байналмилалӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо ибтикори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи Кёнгдон (Ҷумҳурии Корея) баргузор гардид,…

Мехоҳед дар ҳифзи табиат саҳм гузоред?

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷавононро (аз 18 то 30 сола) барои иштирок дар лагери серӯзаи экологӣ ва эко-хакатон даъват мекунад. Гулистон, вилояти Суғд 26-28 ноябри соли 2025 Малакаҳои роҳбарии худро инкишоф диҳед, одамони ҳамфикрро пайдо кунед ва роҳҳои ҳалли инноватсионии экологӣ пешниҳод кунед! Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархост: 7 ноябри соли 2025 (то соати 17:00). Аризаро пур кунед: https://ecohack.tilda.ws/ #ОБСЕ…

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ”

Таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳии экологӣ дар мамлакат ҳамчун яке аз самтҳои муҳими стратегии рушди устувор арзёбӣ мегардад. Дар мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2025 баргузор гардид, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «нигоҳ доштани…