• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ ВА РУШДИ УСТУВОР ДАР РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Рӯзи 6-уми июни соли 2026 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи экологӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, олимон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.   Чорабинӣ ба намоиши дастовардҳои илмӣ, тарғиби фарҳанги экологӣ ва…

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ҲИФЗИ ТАБИАТ АЗ ҲАР ЯКИ МО ОҒОЗ МЕШАВАД

Соли 1972 Созмони Милали Муттаҳид 5 июнро рӯзи ҷаҳонии Муҳити Зист эълон кард, то огоҳии ҷомеаро дар бораи мушкилоти экологӣ баланд бардорад. Аз он вақт инҷониб, он ба як чорабинии глобалӣ табдил ефтааст, ки ба талошҳо барои ҳалли мушкилоти экологии марбут ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад. Мо ҳама дар иҳотаи табиат зиндагӣ мекунем ва ҳар рӯз аз он вобастаем….

БАРРАСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ ВА ҲИФЗИ ЭКОСИСТЕМАҲОИ ТАБИӢ

Санаи 4-уми июни соли 2026 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Иқтисоди сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиӣ: тамоюлҳои муосир, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори…

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи иттилоотии минтақавии UI GreenMetric-ро баргузор намуд

Санаи 2-юми июни соли 2026, соати 09:00, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги байналмилалии UI GreenMetric World University Rankings дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо UI GreenMetric World University Rankings, ҷаласаи иттилоотии минтақавиро оид ба иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даври нави рейтинги UI GreenMetric 2026 баргузор намуд. Дар ҷаласа зиёда аз 60 нафар намояндагони…

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги донишгоҳҳои устувор UI GreenMetric дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо UI GreenMetric World University Rankings,

2 июни соли 2026, соати 09:00, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги донишгоҳҳои устувор UI GreenMetric дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо UI GreenMetric World University Rankings, ҷаласаи иттилоотии минтақавиро оид ба иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даври нави рейтинги соли 2026 баргузор менамояд. Дар ҷаласа меъёрҳои нав ва талаботи даври рейтинги соли 2026, аз…

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК ҲАМЧУН АФЗАЛИЯТИ ҶОМЕА

1 июн дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо ҷашни кӯдакӣ ва рамзи шодиву хушбахтии насли наврас мебошад, инчунин аҳамияти таъмини ҳуқуқ, амният, некӯаҳволӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як кӯдакро барои ҷомеа бори дигар таъкид менамояд. Кӯдакон арзишмандтарин сарвати ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд. Ояндаи ҳар як кишвар аз он вобастагии…

САМАРАНОКИИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА САРФАИ ЭНЕРГИЯ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ

29-уми майи соли 2026 дар доираи ҳамкории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ дар доираи лоиҳаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо «Бастаи кӯмаки техникӣ барои Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» вохӯрии намояндагони лоиҳа бо кормандон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ Владимир Усиевич – роҳбари лоиҳаи мазкур ва коршиноси пешбари…

ДУРНАМОИ ИШТИРОКИ ДБССТ ДАР РЕЙТИНГИ UI GREENMETRIC-2026 МУҲОКИМА ГАРДИД

29-уми майи соли 2026 ҷаласаи маҷозии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва масъулини гузаронидани рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои устувор (UI GreenMetric Sustainable University Rankings) аз Донишгоҳи Индонезия баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, профессор Фарҳод Шарофзода ва роҳбари UI GreenMetric доктор Вишну Джувоно баромад намуда, аҳамияти калидии иштироки донишгоҳро дар UI…

КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН

28 майи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва иштироки Котиби генералии Конвенсияи Рамсар доктор Мусонда Мумба вобаста ба масъалаи об ва болтлоқзорҳои аҳамияи байналмилалидошта нишасти илмӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинии зикршуда устодону кормандони донишгоҳ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи он фаъолона ширкат варзиданд. Нишаст бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба рушди стратегии донишгоҳ…

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ СУЛҲОФАРИНИ ҶАҲОН

Дар тамоми давру замонҳо қаҳрамонон ва сулофаринҳо ҳеҷгоҳ фаромуш намешаванд ва миёни халқу миллат азизу гиромӣ мебошанд. Яке аз чунин фарзонафарзандони миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар тақвияти сулҳу суботи натанҳо Тоҷикистон балки бо ташаббусшои шоистаи худ барои ташкилу таъмини зиндагии шоистаи сокинони сайёра саҳми беназир дорад. Маҳз ҳамин ташаббусҳои созандаву заҳматҳои пайвастааш барои таъмини сулҳу суботи сартосарӣ уро маҳбуби…