• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ҲАМОИШИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР”

Рӯзи 26-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз Ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Созмони Милали Муттаҳид ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор» баргузор гардид.   Ин чорабинии сатҳи баланд ба ифтихори 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат,…

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 08.09.2025 мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистон” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мизи мудаввари мазкур намояндаи раёсати Донишгоҳ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.и.,дотсент Исломбек Зоирзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии…

ЗАНОН – МУБОРИЗОНИ РОҲИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гоҳе дар бораи барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд, ҳамеша бо муҳаббати хосса изҳор медоранд, ки яке аз сабабҳои зуд муваффақ шудани Ҳукумат ба музаффариятҳо маҳз дастгириву кӯмаки занону духтарон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ба нақш ва мавқеи муҳими бонувон дар роҳи ба даст овардани ваҳдат…

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: ОМИЛИ АСОСӢ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад». Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан буда, инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ, душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва…

ЧИН – ШАРИКИ СТРАТЕГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар ҷаҳони имрӯзи таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба мавҷудияти гузаргоҳҳои тиҷоратӣ, ки Шарқ ва Ғарбро бо ҳам мепайванданд, маъданҳои фоиданок, афзоиши баланди демографӣ афзоиш ёфтааст. Бо тағйироти муносибатҳои байналмилалӣ ва тавозун дар сиёсати ҷаҳонӣ, бозигарони калон кӯшиш мекунанд, ки робитаҳояшонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунанд. Ҳамоишҳои “С5+1” бо иштироки кишварҳои пешрафта ва минтақа зуд-зуд ба амал меоянд….

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ-ОМИЛИ МУҲИММИ НОИЛ ГАРДИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Рӯзи 18-уми июни соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ- омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди хусусӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мебошад. Дар конфронс намояндагони…

НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА ГЛОБАЛӢ: ТАҲЛИЛИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ЧИН”

17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҳамоиши дуюми сатҳи олӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ин ҳамоиши муҳими минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, бо суханронии муфассал ва пурмуҳтавои худ андешаву пешниҳодҳои созандаро баён доштанд. 1. Тақвияти муколамаи сиёсӣ ва иқтисодии минтақавӣ. Сарвари давлати…

ҲАМОВОЗӢ БА ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРӢ

10-уми июни соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш – ҳамовозӣ ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҷараёни ҷаҳонии ҳифзи криосфера ба ҳайси як самти калидии сиёсати иқлимии башарӣ…

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Таҳти чунин унвон 04 июни соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5 июн таҷлил мегардад, мизи мудаввар баргузор гардид.   Чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди…

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ: ГУЗАРИШ БО МАҚСАДИ РУШДИ УСТУВОР

15 майи соли 2025 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Конфронси байналмилалии илмию амалии “Иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим: гузариш бо мақсади рушди устувор” баргузор гардид. Ҳадафи асосии Конфронс баррасии масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои амалии ҳамгироии иқтисоди сабз ба…