• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ ҲАКАТОНИ ЭКОЛОГИИ “ПЕШСАФОНИ САБЗ”

Рӯзҳои 26-28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва гурӯҳи ташаббускори “Ecoproactive” ҳакатони экологии таълимӣ дар байни ҷавонон таҳти…

ЛЕКСИЯИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ

24-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултети ҳуқуқ ва гумрук лексияи илмӣ-маърифатӣ оид ба фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институт Фарҳод Шарофзода…

16 НОЯБР – САНАИ ТАҚДИРСОЗ, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана яке аз рӯзҳои муҳим ва пуршарафи таърихи нави давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин сана ба хизматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки бо талош ва иродаи қавии худ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг, парокандагӣ, нобоварӣ наҷот доданд ва пояҳои…

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – САДОҚАТ БА ВАТАНИ МАҲБУБ

Тавре маълум аст, 15-уми апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки тибқи он ҳар сол 16-уми ноябр дар кишвар ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Воқеан таърихи аксар кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери…

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Мизи мудавварро директори Институти илмию тадқиқотии рушди…

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ»

Рӯзи 04-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.   Ҳадафи асосии конфронс рушди тадқиқоти илмӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешбурди механизмҳои иқтисодии устувор…

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТ: ОҒОЗИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ БО ДОНИШГОҲИ АНҲОЛТИ ОЛМОН

01 ноябри соли 2025 вохӯрии кории роҳбарияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони Донишгоҳи Анҳолти Олмон баргузор гардид. Дар ҳайати меҳмонон муовини президент оид ба илм ва рушди устувор профессор Маркус Ҳолс, директори барномаҳои MBA профессор Корнелия Скотт, ҳамчунин директори Маркази байналмилалии таҳқиқоти бозорҳои молиявӣ ва ҷамъияти “Илм бидуни марз”…

Мехоҳед дар ҳифзи табиат саҳм гузоред?

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷавононро (аз 18 то 30 сола) барои иштирок дар лагери серӯзаи экологӣ ва эко-хакатон даъват мекунад. Гулистон, вилояти Суғд 26-28 ноябри соли 2025 Малакаҳои роҳбарии худро инкишоф диҳед, одамони ҳамфикрро пайдо кунед ва роҳҳои ҳалли инноватсионии экологӣ пешниҳод кунед! Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархост: 7 ноябри соли 2025 (то соати 17:00). Аризаро пур кунед: https://ecohack.tilda.ws/ #ОБСЕ…

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ”

Таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳии экологӣ дар мамлакат ҳамчун яке аз самтҳои муҳими стратегии рушди устувор арзёбӣ мегардад. Дар мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2025 баргузор гардид, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «нигоҳ доштани…

СЕМИНАРИ ИЛМИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “НАВРӮЗ ҲАМЧУН БРЕНДИ САЙЁҲИИ МИЛЛӢ ВА ВОСИТАИ ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ”

Мувофиқи барнома семинарро директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ профессор Иброҳимзода И.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар маърӯзаи худ роҷеъ ба таърихи ҷашни Наврӯз дар давраи шоҳ Ҷамшед, соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори СММ байналмилалӣ эълон шудани он ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва ҷой доштани масоили рушди сайёҳӣ дар…