• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Мехоҳед дар ҳифзи табиат саҳм гузоред?

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷавононро (аз 18 то 30 сола) барои иштирок дар лагери серӯзаи экологӣ ва эко-хакатон даъват мекунад. Гулистон, вилояти Суғд 26-28 ноябри соли 2025 Малакаҳои роҳбарии худро инкишоф диҳед, одамони ҳамфикрро пайдо кунед ва роҳҳои ҳалли инноватсионии экологӣ пешниҳод кунед! Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархост: 7 ноябри соли 2025 (то соати 17:00). Аризаро пур кунед: https://ecohack.tilda.ws/ #ОБСЕ…

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ”

Таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳии экологӣ дар мамлакат ҳамчун яке аз самтҳои муҳими стратегии рушди устувор арзёбӣ мегардад. Дар мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2025 баргузор гардид, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «нигоҳ доштани…

СЕМИНАРИ ИЛМИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “НАВРӮЗ ҲАМЧУН БРЕНДИ САЙЁҲИИ МИЛЛӢ ВА ВОСИТАИ ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ”

Мувофиқи барнома семинарро директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ профессор Иброҳимзода И.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар маърӯзаи худ роҷеъ ба таърихи ҷашни Наврӯз дар давраи шоҳ Ҷамшед, соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори СММ байналмилалӣ эълон шудани он ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва ҷой доштани масоили рушди сайёҳӣ дар…

ҲАМОИШИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР”

Рӯзи 26-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз Ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Созмони Милали Муттаҳид ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор» баргузор гардид.   Ин чорабинии сатҳи баланд ба ифтихори 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат,…

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 08.09.2025 мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистон” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мизи мудаввари мазкур намояндаи раёсати Донишгоҳ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.и.,дотсент Исломбек Зоирзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии…

ЗАНОН – МУБОРИЗОНИ РОҲИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гоҳе дар бораи барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд, ҳамеша бо муҳаббати хосса изҳор медоранд, ки яке аз сабабҳои зуд муваффақ шудани Ҳукумат ба музаффариятҳо маҳз дастгириву кӯмаки занону духтарон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ба нақш ва мавқеи муҳими бонувон дар роҳи ба даст овардани ваҳдат…

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: ОМИЛИ АСОСӢ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад». Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан буда, инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ, душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва…

ЧИН – ШАРИКИ СТРАТЕГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар ҷаҳони имрӯзи таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба мавҷудияти гузаргоҳҳои тиҷоратӣ, ки Шарқ ва Ғарбро бо ҳам мепайванданд, маъданҳои фоиданок, афзоиши баланди демографӣ афзоиш ёфтааст. Бо тағйироти муносибатҳои байналмилалӣ ва тавозун дар сиёсати ҷаҳонӣ, бозигарони калон кӯшиш мекунанд, ки робитаҳояшонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунанд. Ҳамоишҳои “С5+1” бо иштироки кишварҳои пешрафта ва минтақа зуд-зуд ба амал меоянд….

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ-ОМИЛИ МУҲИММИ НОИЛ ГАРДИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Рӯзи 18-уми июни соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ- омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди хусусӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мебошад. Дар конфронс намояндагони…

НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА ГЛОБАЛӢ: ТАҲЛИЛИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ЧИН”

17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҳамоиши дуюми сатҳи олӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ин ҳамоиши муҳими минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, бо суханронии муфассал ва пурмуҳтавои худ андешаву пешниҳодҳои созандаро баён доштанд. 1. Тақвияти муколамаи сиёсӣ ва иқтисодии минтақавӣ. Сарвари давлати…