
ТАШАББУСИ САБЗ БАРОИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди «сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баробари таҳқиқи масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ба татбиқи ташаббусҳои экологӣ, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва даст кашидан аз истифодаи халтаҳои пластикии якдафъаина санаи 13 ноябри соли 2026, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Институт ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва ҶДММ «Пайкар» иқдоми экологӣ таҳти унвони «Мо дар якҷоягӣ табиати Тоҷикистонро барои наслҳои оянда ҳифз мекунем!» баргузор гардид.
Дар доираи иқдом, ки дар маркази тиҷоратии «Пайкар», воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ, 57, гузаронида шуд, ба шаҳрвандон 500 адад халтаи матоъии бисёркарата (шоппер) тақдим гардид.
Ҳадафи асосии ташаббус коҳиш додани истифодаи халтаҳои пластикии якдафъаина, ташвиқи шаҳрвандон ба истифодаи халтаҳои бисёркарата ва ташаккули муносибати масъулона нисбат ба табиат мебошад. Интихоби халтаи бисёркарата ва истифодаи мунтазами он метавонад ба кам шудани партовҳои пластикӣ ва тозагии муҳити зист мусоидат намояд.
Иқдоми мазкур ҳамчунин ба густариши ҳамкории илм, давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои экологӣ мусоидат мекунад. Чунин ҳамкорӣ барои татбиқи амалии ғояҳои иқтисоди «сабз» ва ташаккули одатҳои экологӣ дар ҳаёти ҳаррӯза аҳаммияти муҳим дорад.
Институт минбаъд низ ҷиҳати тарғиби рушди устувор, густариши фарҳанги экологӣ ва дастгирии ташаббусҳои «сабз» чорабиниҳои маърифатию амалӣ роҳандозӣ хоҳад намуд.
Ҳифзи табиат масъулияти ҳар яки мост. Бо амалҳои муштарак барои наслҳои оянда муҳити солиму ояндаи сабз месозем!









