• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

МАҚОЛАИ ОЛИМОНИ ИИТРУИС ДАР НАШРИЁТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ SPRINGER NATURE БА ТАБЪ РАСИД

МАҚОЛАИ ОЛИМОНИ ИИТРУИС ДАР НАШРИЁТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ SPRINGER NATURE БА ТАБЪ РАСИД

Мақолаи илмии кормандони ИИТРУИС – Арабов Ф., Шарофзода Ф., Содиқов К. ва Асомуддини Р. – таҳти унвони «Development of Innovative Technologies in Agriculture to Achieve Sustainable Development Goals» («Рушди технологияҳои инноватсионӣ дар кишоварзӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор») дар маҷалаи илмии байналмилалии «Engineering and Digital Technologies in Agriculture» (силсилаи Smart Agriculture, ҷилди 20) аз ҷониби нашриёти бонуфузи Springer Nature ба нашр расид.

Дар мақола масъалаҳои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун омили муҳими ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Springer Nature яке аз нашриётҳои пешбари илмии ҷаҳон буда, нашрияҳои он дар пойгоҳҳои байналмилалии иқтибосшавандаи Scopus и Web of Science ворид карда мешаванд. Чопи мақола дар чунин нашрия аз эътирофи байналмилалии натиҷаҳои илмии олимони ИИТРУИС ва саҳми онҳо дар рушди илми ватанӣ шаҳодат медиҳад.

Пайванд ба мақола: https://link.springer.com/chapter/10.1007/978-981-92-0481-6_1

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *