• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ИШТИРОК ДАР ТРЕНИНГИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ МАШВАРАТЧИЁНИ ҶАВОН ОИД БА БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ АЗ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИШТИРОК ДАР ТРЕНИНГИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ МАШВАРАТЧИЁНИ ҶАВОН ОИД БА БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ АЗ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

   Аз 23 то 28 октябри соли 2026 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия «Курси САҲА барои машваратчиёни ҷавон оид ба банақшагирии стратегӣ» баргузор гардид. Ходими пешбари илмии шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонии Муассисаи давлатии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ З. Ф. Ҷӯраева дар барномаи мазкур ба ҳайси шунавандаи даъватшуда иштирок намуд.

   Барномаи омӯзишӣ шаш модули мавзуиро дар бар гирифта, доираи васеи масъалаҳоро аз нақши машваратчӣ дар раванди банақшагирии стратегӣ то санъати суханварии сиёсӣ фаро гирифт. Он ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки маҷмуи мукаммали дониш ва малакаҳои касбиро аз таҳлили стратегӣ то баргузории музокироти мураккаб аз худ намоянд.

  Ҳамчун мураббиён ва роҳнамоёни барнома кормандони Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, инчунин коршиносони даъватшуда, аз ҷумла, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи олии иқтисодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Азизов; мушовири вакили ҳавзаи Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон Н. Хасанов ва мутахассиси пешбари холдинги «Коинот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Фаттоев баромад намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *