
📢 ЭЪЛОН!!! 🏢 ОИД БА ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ
Муассисаи давлатиии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерини холӣ озмун эълон менамояд:
- 🌱 Шуъбаи таҳқиқоти энергияи сабз:
- мудири шуъба – 1 ҷой.
- сарходими илмӣ – 1 ҷой.
- ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой.
- ♻️ Шуъбаи таҳқиқоти саноати сабз ба иқтисоди даврӣ:
- мудири шуъба – 1 ҷой.
- ходими калони илмӣ – 1 ҷой.
- 🌾 Шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ:
- мудири шуъба – 1 ҷой.
- 🏨 Шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ:
- ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой.
- 👥 Шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ:
- сарходими илмӣ – 1 ҷой.
- ⚖️ Шуъбаи таҳқиқоти масъалаҳои ҳуқуқии рушди устувор:
- мудири шуъба – 1 ҷой.
🌍 7. Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз:
- сарходими илмӣ – 1 ҷой.
🎓 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири шуъба ва сарходими илмӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва ё дигар соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди сабз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
- доштани дараҷаи илмии доктор ё номзади илм (PhD);
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- на кам аз 5 сол доштани собиқаи кории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо;
- донистани таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).
📘 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи ходимони илмӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва ва ё дигар соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди сабз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои эълоншударо таъмин карда метавонанд;
- доштани дараҷаи илмӣ;
- на кам аз 3 сол доштани собиқаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад).
📑 Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун. Барои иштирок дар озмун барои ишғоли ҷойҳои холӣ, довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Ариза ба унвонии директори Муассиса;
- Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- Тарҷумаи ҳол (CV);
- Нусхаи шиноснома;
- Рӯйхати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- Тавсияномаҳо (агар мавҷуд бошад);
- Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҷрибаи корӣ;
- Акси ранга (андозаи 3×4 см) – 2 адад.
📬 Тартиби супоридани ҳуҷҷатҳо: Ҳуҷҷатҳоро метавон тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи green.iutet@gmail.com фиристод ё шахсан ба унвонии Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пешниҳод намуд.
📍 Суроға: ш.Душанбе, н.Фирдавсӣ, хиёбони Борбад 48/5
📞 Телефон барои тамос: 985-77-79-00, 200-72-28-29
⏳ Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 31.08.2026.
