• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТИИ РУШДИ УСТУВОР ВА ИҚТИСОДИ САБЗ

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 17-уми феврали соли 2026 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро бо иштироки коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами гузариш ба иқтисоди сабз дар Осиёи Марказӣ» баргузор менамояд.

Ба иштирок даъват карда мешаванд: намояндагони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; намояндагони корпуси дипломатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитшуда; коршиносон аз ташкилотҳои байналмилалӣ; намояндагони муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, институтҳои тадқиқотӣ ва марказҳои таҳлилӣ; намояндагони сохторҳои бизнес, ташкилотҳои экологӣ ва ҷамъиятӣ.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

1. ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ: УСТУВОРӢ ВА РОҲҲОИ МУТОБИҚШАВӢ:

– арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳо ва гуногунрангии биологӣ;

– омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои табиӣ (об, хок, ҷангал, пиряхҳо);

– таҳлили таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ (кишоварзӣ, энергетика, саломатӣ);

– омӯзиши ҳамкории институтсионалӣ ва байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои иқлим, об, озуқаворӣ;

– таҳқиқи таҷрибаҳои миллӣ ва минтақавии рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим.

– идоракунии саноати сабз ва дастгирии истеҳсолкунандагони энергияи барқароршаванда.

2. ИДОРАКУНӢ ВА ТАКМИЛИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИҚТИСОДИ САБЗ:

– таҳлили низоми идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсозии институтсионалӣ дар самти иқтисоди сабз;

– арзёбии самаранокии сиёсати давлатӣ ва барномаҳои миллӣ дар рушди иқтисоди сабз;

– таҳқиқи механизмҳои иқтисодӣ ва молиявии дастгирии иқтисоди сабз (андоз, субсидия, сармоягузорӣ);

– омӯзиши нақши қонунгузорӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ дар рушди иқтисоди сабз;

– таҳлили ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати иқтисоди сабз;

– ҷалби сармоягузорӣ ва инноватсияҳо барои коҳиши партов ва самаранокии истеҳсол.

– Омӯзиши таъсири сиёсати иқтисоди даврӣ ба рушди устувор ва шуғли аҳолӣ.

– Барномаҳо ва стратегияҳои давлат барои рушди технологияҳои каммасраф ва энергияи барқароршаванда.

– Таъмини ҳамоҳангии миёни давлат, бахши хусусӣ ва донишгоҳҳо дар самти илм ва инноватсия.

– Арзёбӣ ва таҳлили натиҷаҳои гузариш ба саноати сабз ва таъсир ба иқтисоди даврӣ.

3. ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ, КИШОВАРЗИИ УСТУВОР, АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ:

– омӯзиши истифодаи самараноки захираҳои табиӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъсири он ба амнияти озуқаворӣ.

– таҳлили стратегияи сармоягузорӣ барои рушди захираҳои табиӣ, экосистема ва соҳаи кишоварзӣ.

– омӯзиши нақши технологияҳои инноватсионӣ дар раванди коркард, истеҳсол ва истифодаи захираҳои табиӣ.

– рақамикунонӣ ва мониторинги захираҳои табиӣ тавассути платформаҳои зеҳни сунъӣ.

– арзёбии дурнамо ва стратегияҳои оянда барои мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим;

– омӯзиши истифодаи роҳҳои алтернативии энергияи барқароршаванда.

– омӯзиши таъсири идоракунии устувор ба рушди шуғл ва коҳиши камбудиҳои иҷтимоӣ.

– арзёбии ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои идоракунии захираҳои об, замин ва энергия.

– таҳқиқи дурнамо ва стратегияҳои оянда барои рушди устувор бо истифода аз сармоягузорӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ.

Талабот нисбати маърӯзаҳои барои чоп пешниҳодшаванда.

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14;

– сатри якум – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф ҳарфи аввали ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят, баробаркунии матн аз дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 5 саҳифа кам бошад (Формулҳо бояд дар таҳриргарӣ «Формула» сохта шаванд).

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд;

– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ оварда шаванд (бо андозаи 14)

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвонӣ илмӣ, вазифа (таҳсил), рақами телефон ва почтаи электронӣ бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, бо андозаи 14 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.)

Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 10-уми феврали соли 2026 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Маводи конференсия дар махзанҳои маълумоти ШИИР (РИНЦ) ворид карда мешавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзӯъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда нашудаанд, ба муаллифон баргардонад.

Суроғаи мо: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Шахсони масъул: н.и.т., дотсент Маҷидӣ У.Қ.

(+992) 886 88 50 00;

✉ majidiu@gmail.com

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *