
ШАРИКӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ САБЗ
27 январи соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз муаррифии маҷозӣ барои шарикони хориҷӣ дар мавзӯи “Шарикӣ ба хотири ояндаи сабз” баргузор гардид.
Мақсади асосии чорабинӣ муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин фаъолияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ҳамчун платформаҳои кушода ва ояндадор барои ҳамкории байналмилалии академӣ ва илмӣ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз буд.
Дар доираи чорабинӣ проректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Зулфия Қурбонзода, муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳои Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Гулшан Бодурова ва мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабзи Институт, номзади илмҳои таърих Умедҷон Маҷидӣ бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карданд.
Дар баромадҳои худ иштирокчиён Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуда, таваҷҷӯҳи зиёди иштирокчиёни байналмилалиро ба бор оварданд. Ба аҳамияти шарикии байналмилалӣ, мубодилаи илмӣ ва лоиҳаҳои муштарак барои пешбурди рушди устувор ва ташаббусҳои ба муҳити зист нигаронидашуда диққати махсус дода шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ, аз ҷумла коршиносон аз Олмон, Чин, Федератсияи Русия, Қирғизистон ва дигар кишварҳо иштирок карданд. Ҳайати иштирокчиёни хориҷӣ таваҷҷӯҳи зиёдро ба Тоҷикистон ҳамчун шарики ояндадор дар соҳаи илм, маориф ва иқтисоди сабз таъкид карданд.
Аз рӯи натиҷаи чорабинӣ иштирокчиён аҳамияти чунин ташаббусҳоро барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва ташаккули ҳамкории дарозмуддат байни донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ қайд карданд.




