• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ЧОРАБИНИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ҶАВОНОН

ЧОРАБИНИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ҶАВОНОН

23 январи соли 2026 бо ташаббуси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) ҳамоиши ҳамоҳангсозӣ ва рушди робитаҳои корӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Устувории сулҳ ва амният» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбзода Хусрав оғоз гардида, ҳамчунин намояндагони чандин ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Дар кори ҳамоиш кормандони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори PhD М.Р. Холзода ва Р. Изатуллозода фаъолона ширкат варзида, мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти Институтро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, бо мақсади васеъ намудани доираи ҳамкориҳо ва ҷалби барномаҳо ва грантҳои хориҷӣ ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби намояндагони Институт дархосту таклифҳои мушаххас пешниҳод гардид, ки аз ҷониби намояндагони ташкилотҳо ва барномаҳои байналмилалӣ хуб пазируфта шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *