• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ДОНИШГОҲ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ДОНИШГОҲ

12 январ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сохторҳои Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тағйироти кадрӣ амалӣ гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим номзади илмҳои иқтисодӣ ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ доктори илмҳои сиёсатшиносӣ ба вазифаи муовини ректор оид ба рушди стратегии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъинро ба иҷрои содиқона ва масъулонаи вазифаҳои хизматӣ, фаъолияти софдилона бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, тақвияти назорат аз болои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, инчунин муаррифии шоистаи таърих, фарҳанг ва ҳунари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳидоят намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *