
ҶАСОРАТ ВА ҶОНФИДОИҲО БАҲРИ ҲИМОЯИ ХАЛҚУ ВАТАН
Ҳамасола 9-май дар кишвари азизу маҳбуби мо бо нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонии падарону бобоҳои мо, ки баҳри ҳимояи халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд, ҳамчун иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.
Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар баробари дигар халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ матонату садоқати хешро ба Ватан изҳор намуда, баҳри ҳифзи халқу Ватан ва ояндаи дурахшони мо ҷони худро нисор кардаанд.
Ҳамин буд, ки тибқи баъзе оморҳо дар ин ҷанги хонумонсӯз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, 92 ҳазор ҷони худро баҳри озодии Ватан-модар аз фашизм нисор намуданд. Аз зумраи чунин нафарон бобои ман Шарифов Раҳмон бо ду бародарашон Шарифов Сафар, Шарифов Маҳмад ва ду бародархонд Мусо ва Худойназар мардонагиву садоқат нишон дода, аз як оила 5 нафар барои ҳимоя аз Ватани хеш дар ҳайати Прибалтика зидди фашистони истилогар ҷангидаанд.
Шарифов Раҳмон 20-уми майи соли 1924 дар деҳаи Тихорои ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, соли 1942 аз зодгоҳаш ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ҳайати ҷабҳаи Прибалтика зидди фашистони истилогар ҷангидааст.
Дар бисёр муҳорибаҳо иштирок намуда, ду маротиба маҷрӯҳ шудааст. Пас аз табобати тўлонӣ соли 1947 бо ордену медалҳои ҷангӣ ва ҷашнӣ сарфароз гардида, ба зодгоҳ баргашта, 26 октябри соли 2017 дар деҳаи Тоқабунаи ноҳияи Муъминобод аз олам даргузашт.
Бародарон бошанд:
Шарифов Сафар – соли таваллудаш 1916, соли 1941 аз деҳаи Тихорои ноҳияи Муъминобод ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, ба ҳайси аскари қаторӣ дар ҳайати ҷабҳаи Прибалтика далерона зидди фашистони истилогар ҷангида, соли 1943 ҷони худро дар роҳи муҳофизати Ватан аз душман нисор кардааст.
Шарифов Маҳмад бошанд, соли таваллудаш 1918 соли 1941 аз деҳаи Тихорои ноҳияи Муъминобод ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, ба ҳайси аскари қаторӣ зидди фашистони истилогар ҷангида, дар бисёр муҳорибаҳо фидокориву шуҷоат нишон дода, бо 2 орден ва 5 медали ҷангӣ сарфароз гардида, аз ҷанг ба зодгоҳаш бар гашта 19 ноябри соли 2000 вафот кардааст.
Бародархондон Мусо ва Худойназар бошанд, дар қатори дигар бародарон мардонагию шуҷоат нишон дода, дар мубориза бар зидди фашистони истилогар Мусо ҷони худро нисор кард.
Худойназар баъд аз анҷоми ҷанг ба зодгоҳ баргашта, дар ҷамоати Ленин аз олам даргузашт.
Ҳамзамон дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми бениҳоят муносиб гузоштанд.
Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо садҳо ҳазор нафар кӯдакони ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокшуда ятим монданд.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри ҳимояи халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медоранд ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додаанд.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.”
Тибқи баъзе оморҳои расмӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаёт ба сар мебаранд, ки аз ин теъдод:
– Шаҳри Душанбе – 1 нафар;
– Вилояти Хатлон – 6 нафар;
– Вилояти Суғд – 2 нафар.
Рӯзи Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) яке аз ҷашнҳои давраи шуравӣ аст, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.
Баргузории ид 9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Қалам хомўш мегардад ба ёди аскари гумном,
Ба ёди марги ҷанговар манам гирён, манам гирён.
Ҳануз аз таркиши бомба дилам дар сина метаркад,
Ҳазар аз таркиши ояндааш, аё эй қавму аҷдодон.
Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед – мудири шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
