• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Чорабинии экологӣ бахшида ба Рӯзи Замин дар масири Бохтар-Данғара

Чорабинии экологӣ бахшида ба Рӯзи Замин дар масири Бохтар-Данғара

22 апрели соли ҷорӣ бо мақсади таҷлил аз Рӯзи байналмилалии Замин дар ҳамкории якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе ва Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар масири шоҳроҳи Бохтар-Данғара аксияи навбатии “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуд.
♻️ Чорабинии навбатӣ идомаи иқдомҳои пешина дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
♻️ Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 20 то 24 апрел дар Донишкадаи байналмилалии Левакант лагери экологӣ бо иштироки донишомӯзони фаъоли Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардида истодааст. Ташкил гаштани чунин аксияи экологӣ ва иштирокчиёни эко-лагер дар чорабинӣ аз як тараф барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷавонон кумак расонад, аз ҷониби дигар, ифодагари он аст, ки донишҷӯён бо иштироки худ саҳмашонро дар таъмини амнияти экологии кишвар гузоштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *