• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

НАҚШИ ЗАНОН ҲАМЧУН НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ЗАНОН ҲАМЧУН НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар замони муосир рушди устувор на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва экологии кишварҳо муайян мешавад, балки бо сатҳи баробарии имкониятҳо ва нақши фаъоли занон низ ҳукмфармо мегардад. Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба густариши имкониятҳои иқтисодии занон, таҳкими иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, сохтани ҷомеаи сулҳомез ва кушод, ва кафолати дастрасӣ ба адолат барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Ҳадафҳои мазкур ҳамчун омилҳои муҳими суръатбахшии қабули тадбирҳои амалӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ ва пешрафти иҷтимоӣ шинохта мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон (CEDAW)-ро расман 26-уми июни соли 1993 тасдиқ кардааст. Ин санад кафолати баробарии гендериро пешниҳод намуда, аз 25-уми ноябри соли 1993 эътибори ҳуқуқӣ пайдо кард. Қонунгузории амалкунандаи интихоботӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва маъмурӣ бо моддаҳои махсус такмил ёфта, ба бартарафсозии монеаҳо дар татбиқи ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва оилавӣ равона шудааст. Тадбирҳои мазкур иштироки фаъол ва саҳми босамари занонро дар рушди устувори давлат ва ҷомеа таъмин мекунанд.

Дар заминаи ин санадҳо ва қонунгузорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро барои мусоидат ба иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ амалӣ мекунад. Барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ барои баланд бардоштани малака ва имкониятҳои занон дар бахшҳои гуногуни иқтисод, соҳибкорӣ ва идоракунӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” аз 30 апрели соли 2021, №167, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон муайян гардидаанд. Он татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробар дар соҳаҳои мухталифи фаъолият ва пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбати занонро дар бар мегирад.

Таҳлили оморӣ нишон медиҳанд, ки дар 2025 занону бонувон дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолона ширкат варзидаанд. Аз ҷумла, 18 нафар занону бонувон ба Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шудаанд. Ин рақамҳо шаҳодати афзоиши иштироки сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошанд.

Дар паёми навбатии худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем». Ин изҳорот на танҳо эҳтиром ба саҳми занонро таъкид мекунад, балки зарурати фароҳам овардани имкониятҳои баробар ва дастгирии фаъолиятҳои онҳо дар тамоми бахшҳои ҳаётро нишон медиҳад.

Зан, ҳамзамон, модар ва тарбиякунандаи инсоният аст. Ӯ на танҳо насли ояндаро ба дунё меорад, балки арзишҳои ҳаётан муҳим – сулҳ, субот, озодӣ ва оромиро эҳтиром ва эҳё менамояд. Бо беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва пешрафти ҷомеа, нақши зан ҳамчун роҳнамои ахлоқ, омӯзгор ва нигоҳдорони анъанаҳои нек ба таври назаррас афзудааст. Ҳамзамон, таваҷҷӯҳи ҳукумат ба ҳимоя ва рушди ҳуқуқу имкониятҳои занон нишон медиҳад, ки ҷомеа мақому ҷойгоҳи занро эътироф мекунад ва саҳми онҳоро дар рушди устувори давлат ва ҷомеа қадр менамояд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ҷомеае, ки занон босавод ва фаъоланд, нақши модарон на танҳо дар оила, балки дар тамоми сохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ барҷаста аст. Модароне, ки дониши амиқ ва дурнамои васеъ доранд, метавонанд фарзандонашонро ба сӯи муваффақият роҳнамоӣ кунанд ва барои бунёди ояндаи арзанда замина гузоранд. Онҳо на танҳо арзишҳои фарҳангӣ ва анъанавии халқи худро ба фарзандон интиқол медиҳанд, балки онҳоро бо таърихи халқ, муҳити иҷтимоӣ ва хислатҳои ибтидои ҷомеа шинос карда, дар онҳо ҷаҳонбинии васеъ ва фикру андешаи танзимшударо ташаккул медиҳанд.

Азимова М.Т. – н.и.и., дотсент мудири шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологиии
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгохи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *