НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Мизи мудавварро директори Институти илмию тадқиқотии рушди…
