• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРОНИ МАҲФИЛИ «НИГОҲИ САБЗ»

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРОНИ МАҲФИЛИ «НИГОҲИ САБЗ»

24 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмию маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони раёсати Донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, кормандони Институт, волонтёрони маҳфили «Нигоҳи сабз» ва як гурӯҳ падару модарони онҳо иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоиши навори таърихӣ-маърифатии «Парчами Тоҷикистон: аз таърих то замони муосир» оғоз гардид.

Директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ташаккули худшиносиву ифтихори миллӣ ёдовар шуда, фаъолияти волонтёриро яке аз шаклҳои амалии ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон арзёбӣ намуд.

Муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Зулфия Қурбонзода аз номи раёсати Донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош гуфта, ба саҳми волонтёрон дар баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ баҳои баланд дод.

Бахши меҳварӣ ва хотирмони чорабинӣ маросими тантанавии қадрдонии волонтёрони Клуби «Нигоҳи сабз» гардид. Барои саҳми назаррасу арзишманд дар ташкил ва баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», инчунин барои масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ, фаъолияти содиқонаи ихтиёрӣ ва саҳмгузорӣ дар муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ волонтёрон бо Ифтихорномаҳои Донишгоҳ сарфароз гардонида шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Ҷанбаи хос ва маънавии ин иқдом қадршиносии заҳмати падару модарони волонтёрон буд. Ба онҳо барои тарбияи шоистаи фарзандонашон аз номи раёсати Донишгоҳ сипосномаҳо супорида шуданд. Дар сипосномаҳо масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ, фарҳанги баланди муошират ва ҳисси ватандӯстии фарзандонашон ҳамчун самараи тарбияи нек дар оила ва мояи ифтихори Донишгоҳу ҷомеа арзёбӣ гардидааст.

Дар идома волонтёрон барномаи фарҳангӣ-эҷодии худро таҳти унвони «Истеъдодҳо ва навовариҳои волонтёрон» пешкаши ҳозирин намуданд.

Ҳамоиши мазкур таҷассумгари пайванди арзишҳои миллӣ, фарҳанги волонтёрӣ ва тарбияи оила буда, бори дигар таъкид намуд, ки парчамбардории воқеӣ на танҳо ифтихор аз муқаддасоти миллӣ, балки бо дониш, масъулият, ташаббус ва амалҳои созанда саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватан мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *