
ЭЪЛОН! Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ «Татбиқи принсипҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз дар низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон якҷоя бо Раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат, олимон, коршиносон, омӯзгорон, муҳаққиқон, докторантон, магистрантон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи илмиро барои иштирок дар Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ даъват менамояд.
Конфронс ҳамчун платформаи илмӣ ва коршиносӣ барои муҳокимаи масъалаҳои ҳамгироии принсипҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз ба таҳсилоти касбӣ, навсозии барномаҳои таълимӣ, ташаккули малакаҳои сабз, таҳқиқоти инноватсионӣ ва такмили низоми дохилии таъмини сифати таҳсилот пешбинӣ шудааст. Он дар заминаи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори СММ баргузор мегардад.
Самтҳои асосии конфронс:
- Идоракунии стратегӣ, таъмини сифат ва сиёсати рушди устувор
- Навсозии барномаҳои таълимӣ ва ташаккули малакаҳои сабз
- Таҳқиқоти илмӣ, инноватсия ва шарикии байнисоҳавӣ
Дар натиҷаи муҳокимаҳо тавсияҳои илмӣ-амалӣ оид ба ворид намудани салоҳиятҳои рушди устувор ва малакаҳои сабз ба барномаҳои таълимӣ, такмили низоми сифат ва рушди ҳамкории байналмилалӣ таҳия карда мешаванд.
Санаи баргузорӣ: 27 ноябри соли 2026
Ҷойи баргузорӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Шакл: ҳузурӣ ва маҷозӣ
Оғози ҷаласаи ифтитоҳӣ: соати 10:00
Забонҳои корӣ: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
Дархост барои иштирок то 26 ноябри соли 2026 ва маводи илмӣ то 15 декабри соли 2026 қабул карда мешаванд.
Шахси масъул: Қурбонов Маъруф
Тел.: +992 93 666 02 95
E-mail: mustafam30@mail.ru
https://www.greeneconomy.tj/wp-content/uploads/2026/11/Консепсия.pdf
