• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ЭЪЛОН! Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Технологияҳои ҳушманд ва таҳаввули шаҳрҳоb сабз: навоварӣ, идоракунӣ ва рушди устувор» (STGTC-2026)

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимон, коршиносон, омӯзгорон, муҳаққиқон, докторантон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва технологӣ ва ҷомеаи илмиро барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Технологияҳои ҳушманд ва таҳаввули шаҳрҳои сабз: навоварӣ, идоракунӣ ва рушди устувор» даъват менамояд.

 

Конференсия ҳамчун платформаи байналмилалии илмӣ ва коршиносӣ барои муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқот, ҳалли технологӣ, механизмҳои идоракунӣ ва моделҳои амалии дигаргунсозии шаҳрҳо дар шароити рақамикунонӣ, тағйирёбии иқлим, урбанизатсия ва гузариш ба иқтисоди сабз пешбинӣ шудааст.

Конференсия дар се самт амалӣ карда мешавад:

  1. Технологияҳои ҳушманд ва таҳаввули рақамии шаҳрҳо;

Таҳаввули сабз ва тобовар ба иқлими шаҳрҳо: технологияҳо, инфрасохтор ва рушди устувор;

Инфрасохтори зеҳнии нақлиёт ва ҳаракатнокии устувори шаҳрӣ.

Дар натиҷаи муҳокимаҳои илмӣ ва коршиносӣ ҳуҷҷати ҷамъбастӣ – «Тавсияҳои Душанбе оид ба дигаргунсозии оқилона ва шаҳрҳо сабз» таҳия карда мешавад.

Санаи баргузорӣ: 17–18 декабри соли 2026

Ҷойи баргузорӣ: шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забонҳои корӣ: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ

Тартиби пешниҳоди мақолаҳо: мақола ва маълумот дар бораи муаллифон ба шакли электронӣ ба суроғаи E-mail-и зерин фиристода мешавад. Дар мавзӯи мактуб бояд қайд карда шавад: «Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ – STGTC – 2026».

Шахси масъул: д.и.и., профессор Арабов Фирдавс Пулодович
Тел.: (+992) 918-72-28-29
E-mail: pulodzoda.fp@gmail.com

Барои маълумоти муфассал:
https://www.greeneconomy.tj/conference.html#about

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *