
НАШРИ МАҚОЛАИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТ ДАР МАҶАЛАИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ SPRINGER
Мақолаи илмии корманди Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Изатуллозода Р. Х. дар ҳаммуаллифӣ бо Мирзозода Б. ва Бутаев М. таҳти унвони «Chlorination of Nepheline Syenites, with Waste Additives in the Presence of Reducing Agents» дар маҷалаи байналмилалии Springer ба табъ расид.
Маҷалаи мазкур дар пойгоҳҳои байналмилалии илмии Scopus ва Web of Science индексатсия мешавад.
Дар мақола технологияи инноватсионии коркарди ашёи хоми алюминийдори Тоҷикистон бо истифода аз партовҳои саноатию кишоварзӣ таҳқиқ гардида, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист пешниҳод шудаанд.
Қобили зикр аст, ки аз 34 мақолаи пешниҳодшуда танҳо 12 мақола барои нашр интихоб гардида, мақолаи корманди Институт дар ҷойи аввали маҷмӯа нашр гардидааст.
Ин дастоварди илмӣ ба муаррифии иқтидори таҳқиқотии Институт дар арсаи байналмилалӣ ва рушди иқтисоди сабз мусоидат менамояд.
🔗 Пайванд ба мақола: https://link.springer.com/chapter/10.1007/978-3-032-25839-7_1

