
ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ МИНТАҚАИИ “ПЕШСАФОНИ ҶАВОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН”
Рӯзҳои 27-29 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро барномаи минтақавии “Пешсафони ҷавони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон” баргузор гашт. Ин ҳамоиш аз сӯйи Ҳаракати “Юксалиш” дар ҳамкорӣ бо Бунёди Конрад Аденауэр (Олмон) ва ниҳодҳои марказию минтақаии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳамоиш бо фарогирии беш аз 40 иштирокдор аз панҷ кишвар доир гашт ва дар кори он Шералӣ Ризоён, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабзи Институт ширкат кард.
Барномаи минтақаӣ аз чунин бахшҳо иборат буд:
Расми ифтитоҳ ва шиносоии ҳадафи баргузории ҳамоиш. Дар бахши ифтитоҳӣ намояндагони масъули парлумон (палатаи болоӣ), ниҳоди таҳлилӣ ва созмони байналмилалии ҳамкор ҳадафи баргузории ҳамоишро муаррифӣ карданд.
Дидору гуфтугӯҳо дар парлумони Ӯзбекистон. Бо иштирокдорони барномаи минтақаӣ раиси Сенати Оли Маҷлис ва муовини раиси Палатаи қонунгузори Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ доштанд ва дар рафти он маълумоти фишурдаро дар бораи фаъолияти худ расониданд. Як унсури муҳими навоварона дар парлумони Ӯзбекистон ин будааст, ки дар назди ҳарду палатаи он “Парлумони ҷавонон” кору фаъолият мекунад. Вакилони он аз рӯйи тартиби интихоб ва шумори намояндаҳои ҳарду палата маълум мегарданд. Аҳамияти ин корро дар омодасозии кадрҳои ҷавон донистанд, ки дар оянда ба вазифаҳои масъули давлатӣ таин мешудаанд.
Дидору гуфтугӯҳо дар идораҳои марказию маҳалии Ӯзбекистон. Барои нишон додани рафти ислоҳот ва пешрафту дастовардҳо дидору гуфтугӯҳо дар дафтарҳои кории Кумитаи сайёҳӣ, Агентии мубориза бо коррупсия ва маҳаллаи Боғимайдон баргузор шуданд. Роҳбарони ин идораҳои давлатӣ ба иштирокдорони барнома маълумоти муфассалро дар бораи ислоҳоти соҳа, рафти кор ва дастовардҳо пешкаш карданд.
Боздид аз осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ. Иштирокдорони барнома аз “Маркази тамаддуни исломӣ” боздид карданд. Дар шаҳри Бухоро тамошои ҷойҳои таърихӣ аз Арк (осорхонаи дохили он) оғоз гардид, сипас дар Пойи калон (бо тамошои Манораи калон), Тоқи заргарону Лаби ҳавз идома ёфт.
Боздид аз ширкатҳои истеҳсолӣ дар Бухоро. Иштирокдорон нахуст ширкати “Bukhara Cotton Textile”-ро тамошо карданд. Ин ширкат тамоми давраи истеҳсоли молу маҳсулотро, яъне аз пахтакорӣ, то истеҳсоли риштаю матоъ ва аз он дӯхтани либосҳои гуногун дар ихтиёр доштааст. Сипас, маҷмуаи гармхонаии “Варнет”-ро намоиш доданд, ки аз ҷониби сармоягузорони Туркия бунёд гардида, ба боғи ботаникӣ монанд аст ва хидматрасониҳои гуногунро ба мардум (аз фурӯши гулу буттаю дарахти ороишӣ, то тафреҳу дамгирӣ) мерасонад.
Дар анҷоми кори барномаи минтақаӣ ба иштирокдорон сертификат супорида шуд.




