КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ: ГУЗАРИШ БО МАҚСАДИ РУШДИ УСТУВОР»
15 майи соли 2025 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Конфронси байналмилалии илмию амалии «Иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим: гузариш бо мақсади рушди устувор» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии Конфронс баррасии масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои амалии ҳамгироии иқтисоди сабз ба стратегияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Конфронс зиёда аз 150 нафар иштирокчиён – намояндагони сохторҳои давлатӣ, намояндагони дипломатӣ, олимон, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз зикр карданд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтисоди сабз ва мутобиқшавии бахшҳои иқтисодии кишвар бо тағйирёбии иқлим диққати махсус медиҳад. Иқтисоди сабз, ки ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва сарфаи равандҳои истеҳсолот ва истеъмол нигаронида шудааст, ба рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
Сипас Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон,Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳмонзода, роҳбари намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон Фаррух Султонов, муовини Котиби генералии Палатаи савдои Чин оид ба савдои байналмилалӣ Сюй Лян, муовини раиси GreenMetric-и Донишгоҳи Индонезия оид ба барномаҳо доктор Ҷунайдӣ С.С. ва роҳбари илмии Озмоишгоҳи маводи функсионалии пешсаф, профессори Донишгоҳи Виктория (Канада) Махсуд Саидаминов баромад намуданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ донишмандони шинохтаи ватанӣ ва коршиносони байналмилаллӣ аз Канада, Чин, Эрон ва Ҳиндустон лоиҳаҳои инноватсиониро дар масоили қувваи барқи таҷдидшаванда, логистикаи сабз, истеҳсолоти устувор ва як қатор дигар самтҳои иқтисоди сабз муаррифӣ намуданд.
Кори конфронс дар 6 бахш идома ёфта, дар натиҷа тавсияву пешниҳоди амалӣ оид ба ҳамгироии иқтисоди сабз ба стратегия оид ба рушди устувор ва иқтисоди сабз, вусъат додани ҳамкориҳои дипломатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рушди устувор, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тарзи ҳаёти “сабз” пешниҳод карда шуданд.