
НАВИДИ САБЗ АЗ ТАЙВАН: ИШТИРОКИ ДБССТ ДАР РЕЙТИНГИ ҶАҲОНИИ “ДОНИШГОҲҲОИ САБЗ”
Раёсат, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба кишвари “сабз” табдил додани мамлакат ва бештару ҳадафмандона муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, пайваста сайъю кӯшиш менамоянд.
Дар робита ба ин, рӯзи 5-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи миллии Чи Нани Тайван маросими расмии эълони натиҷаҳои рейтинги ҷаҳонии “Донишгоҳҳои сабз” – UI GreenMetric World University Rankings 2025 баргузор гардид. Чорабинӣ донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳонро, ки сиёсати рушди устувор ва идоракунии сабзро татбиқ мекунанд, гирд овард.
Соли 2025 дар рейтинги мазкур 1845 донишгоҳ аз 105 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба ин баҳогузории ҷаҳонӣ шомил гардид ва ду муассиса – Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карданд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар натиҷаҳои умумӣ бо ноил шудан ба 5885 хол дар байни донишгоҳҳои ҷаҳон мавқеи намоён ва дар раддабандии миллӣ мақоми аввалро ишғол намуд.
Ҳамчунин, Донишгоҳ дар ду зерраддабандии махсуси UI GreenMetric низ натиҷаҳои баланд нишон дод: дар байни донишгоҳҳои дорои теъдоди миёнаи донишҷӯён ва кормандон (Medium Campus Population) ва дар байни донишгоҳҳои дорои масоҳати миёна (Medium Campus Area).
Баҳогузорӣ дар UI GreenMetric аз рӯи 6 меъёри асосӣ анҷом дода мешавад. ДБССТ дар маҷмӯъ 5885 хол ба даст овард, аз ҷумла: инфрасохтор ва муҳити кампус – 925 хол, энергетика ва иқлим – 1235 хол, истифодаи самараноки об — 650 хол, идоракунии партовҳо – 512.5 хол, нақлиёти устувор – 1200 хол, илм, таълим ва таҳқиқот дар самти рушди устувор – 1362.5 хол.
Бояд қайд намуд, ки таъмини рушди устувор яке аз авлавиятҳои стратегии байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва Донишгоҳ минбаъд низ барои густариши инфрасохтори сабз, истифодаи энергияи каммасраф, саранокии истифодаи об, коҳиш ва коркарди партовҳо, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва вусъат додани тадқиқоти инноватсионӣ талошҳои худро идома медиҳад, то дар такмили иқтисоди сабз ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор саҳми назаррас гузорад.
