• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
ЛЕКСИЯИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ

ЛЕКСИЯИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ

24-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултети ҳуқуқ ва гумрук лексияи илмӣ-маърифатӣ оид ба фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонӣ баргузор гардид.
 
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институт Фарҳод Шарофзода оғоз ёфт. Ӯ аз номи раёсати Донишгоҳ меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ин вохӯрии илмӣ хайрамақдам гуфта, ҳамагонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
 
Дар баромади худ Шарофзода таъкид кард, ки ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, имконият фароҳам меоранд, то донишҷӯён бо меъёрҳои байналмилалии инсондӯстӣ, таҳлилҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи амалӣ дар ин самт ошно шаванд.
 
Сипас Мансуров Умед Абдуфаттоҳович – мушовири ҳуқуқии Миссияи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи муҳими фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва принсипҳои он суханронӣ намуд.
 
Дар ҷараёни лексия донишҷӯёни Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултети ҳуқуқ ва гумрук фаъолона иштирок карда, ба коршинос саволҳои гуногун пешниҳод намуданд.
 
Ҳамчунин аз ҷониби Мансуров Умед Абдуфаттоҳович ба китобхонаи Донишгоҳ маводи таълимӣ-методӣ оид ба фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ пешниҳод гардид, ки барои раванди таълим ва корҳои илмӣ аҳамияти махсус дорад.
 
Дар анҷоми чорабинӣ ба намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аз ҷониби Институт барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд сипоснома тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *